Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИИ ЧАШМБАСТА

БОЗИИ ЧАШМБАСТА

bozii-chashmbastaБОЗИИ ЧАШМБАСТА, бозии нодид, як навъ бозиест дар шохмот, ки бозигар (ба танхои ё якчо бо ракиб) бидуни он ки ба тахтаи шохмот нигарад, харакати мухрахоро (бо такя бар неруи хофиза) эълом медорад. Аз афроде, ки бори нахуст бо чашми баста шохмот бозидааст, Саййид ибни Чубайд (фавт 714) ёдовари шудааст. Дар Аврупо Бозии чашмбаста нахустин бор соли 1265 ёдовар мешавад. Алоуддин Али-аш-Шатранчи, яке аз донишмандон ва адибони дарбори Темури Курагон (1336-1405), ки дар империяи у устоди беназири шатранч буд, чашмбаста бо 4 на­фар шохмот мебозид. Филидор – устоди фаронсави (асри 18) бо се нафар, Пол Марфии амрикои (асри 19) бо 10 на­фар устодони мумтоз зурозмои кардааст.

Рекордхои Бозии ччашмбаста дар асри 20 чандин бор тагйир хурд. Соли 1902 Гарри Пилсбери (ИМА) дар Маскав дар баробари 22 ракиб бо чашми баста бози кард, ки ин ракобат бо натичаи як бохту се мусови ва 17 пирузи ба нафъи Пилс­бери анчом ёфт. Пас аз 2 сол В. Острагискийи рус бо 23 шохмотбоз махорат санчид. Хамин тарик, гроссмейстерхо Рети, Брейер, Алёхин, Калтановский ва Найдорф дидори хамзамон бо чашми бастаро то 45 тахта боло бурданд. Соли 1960 Янош Флеш (Мачористон) бо 52 нафар Бозии чашмбаста орост, ки хама корозмудаву касби буданд. Флеш танхо дар се дидор бохт ва дар 18-тои дигар ба мусови расида, 31 бозиро бурд. Рекорди у то имруз побарчост.

Адабиёт: Алехин А. А. На пути к высшим шахматным достижени­ям. Минск, 1982; Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва, 1990.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …