Маълумоти охирин

БОСФОР

bosforБОСФОР, Боспор, давлати ғуломдории даврони атиқа, ки дар соҳили Баҳри Сиёҳ дар натиҷаи иттиҳоди шаҳрҳои Юнон дар нимҷазираҳои Кирчу Таман (тақрибан соли 480 то милод) бунёд ёфта буд. Пойтахташ Пантикоп (Кирчи ҳозира), шаҳрҳои калонтаринаш Фанагория, Гермонасса (Тамани ҳозира), Феодосся, Тиритака, Нимфей ва Горгиппия (Анапаи ҳозира) буданд. Аз охири асри 5 то нимаи якуми асри 4 то сарзамини скифҳо ва қабилаҳои синду меотҳо дар ҳайати давлати Босфор буданд. Ҳокимият аввал ба дасти авлоди Археанактиён (480-438), баъдтар ба ихтиёри сулолаи Спартаниёни Юнон (438-109) гузашт. Дар асрҳои 4-3 то милод ба шаҳрҳои Юнону Осиёи Хурд ғалла, чорво, моҳӣ, пӯст бурда, равғани зайтун, газвор, асбобу анҷоми филиззӣ меоварданд. Иқтисодиёти Босфор ба истисмори ғуломон ва аҳолии тобеъ асос ёфта буд. Маданият ва санъати баланде дошт. Шаҳрҳои Босфор аз ҷиҳати сохт ба шаҳрҳои Юнону Осиёи Хурд монанд буданд. Дар асри 2 то милод ба буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ дучор гардид, ки натиҷаи фишори скифҳо ва сарматҳо буд. Дар охири асри 4 милодӣ гунниҳо ҳуҷум оварда, Босфорро барҳам доданд.

Адабиёт: Гайдукевич В. Ф. Боспорское государство. Москва-Ленинград, 1949.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …