Маълумоти охирин

БОНУГУШАСП

imagesБОНУГУШАСП яке аз шахсиятҳои қиссаву ривоятҳо, достонҳои хамосии «Баҳманнома», «Барзунома», «Бонугушаспнома» ва ғайра, яке аз духтарони Рустам (модараш холаи Кайқубод). Зане зебо, далер, чусту чолок, паҳлавон буд. Дар майдони набард аз мардон камӣ надошт. Қайсари Рум, Фағфури Чин, баъзе хешовандони Кайковус, Туси паҳлавон – фарзанди Нӯзар ба назди Рус­там ба хостгории Бонугушасп омаданд, вале Рустам ба домодӣ Гевписари Гударзро баргузид. Дар яке аз муколамаҳояш ба Пирон сарлашкари Турон Гев бо ифтихор аз домоди Рус­там буданаш ёдовар шудааст:

Ба гетӣ нигаҳ кард Рустам басе,

Зи гурдон наёмад писандаш касе.

Ба мардию дониш ба фарру нажод,

Ба хурду ба бахшиш маро кард ёд.

Ба ман дод Рустам гузин духтараш,

Ки будӣ гиромитар аз афсараш.

Меҳин духт – Бонугушаспи савор

Ба ман дод гарданкаши номдор.

Зи чандин бузургон маро баргузид.

Сарамро ба чархи барин баркашид.

Рустам бо номи Зарбону духтари дигаре дошт, ки вай низ ба мисли хоҳараш Бонугушасп паҳлавону ҷанговари далер буд. Бонугушасп ва Зарбону дар ҷанг бо Баҳман ба асорат афтоданд, вале баъдан Баҳман онҳоро озод кард. Аз издивоҷи Гев ва Бонугушасп паҳлавони номвар Бежан ба дунё омад.

Адабиёт: Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди 3. Душанбе, 2008;

Г. Саъдиева.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …