Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович

БОНДАРЧУК Сергей Фёдорович

bondarchukБОНДАРЧУК Сергей Фёдорович (20.9.1920, деҳаи Белозёркаи вилояти Херсони Украина – 20.11.1994, Мас­кав), коргардони кино, ҳунарпеша ва сенариянависи шӯ­равӣ, Артисти халқии ИҶШС (1952), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи театрии шаҳри Ростов (1941) ва факултаи актёрии Институти давлатии умумииттифоқии маданияти шаҳри Маскав (1948). Ширкатдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Нақши аввалинро дар кинофилми «Гвардияи ҷавон» (Волко) бозидааст. Бондарчук нақшҳояшро моҳирона бозида, образҳои барҷаста офаридааст. Беҳтарин нақшҳояш: Тарас Шевченко («Тарас Шевченко», 1951), Тихон Прокофев («Адмирал Ушаков» ва «Киштиҳо ба қалъа ҳуҷум ме­кунанд», ҳар ду – 1953), Иван Франко («Иван Франко», 1956), партизани сурх Фёдор дар филми итолиёии «Дар Рум шаб буд», 1960), Мартин («Муҳориба дар Неретва», 1969) ва ғайра. Дар филми бадеии «Ҳодиса дар фурӯдгоҳ» («Тоҷикфилм», 1988) нақши генерал Токаренкоро бозида­аст. Чун коргардон асари М. Шолохов «Қисмати инсон»- ро гузошта, худ нақши Андрей Соколовро бозидааст. Ба­рои офаридани филми «Қисмати инсон» ба Бондарчук Мукофоти ленинӣ (1960) дода шуд. Яке аз корҳои барҷастаи Бондарчук чун коргардон филми 4-қисмаи «Ҷанг ва сулҳ» аз рӯйи романи Л. Н. Толстой мебошад (1967). Дар ин филм Бондарчук нақши Пйер Безуховро бозидааст. Ба қисмҳои 1-ум ва 2-юми ин филм Мукофоти Калони Кинофестивали чоруми умумиҷаҳонӣ дар Маскав, ба қисмҳои 1-4 мукофоти Академияи санъати кино ва илми Амрико – «Оскар» (1969) дода шудаанд. Бондарчук муаллифи сенария ва коргардони филмҳои бадеии «Ҷанг ва сулҳ», «Ветерлоо», «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд», «Дашт», «Зангулахои сурх» (филмҳои 1 ва 2), «Борис Годунов» ва коргардони филми «Дони Ором» (нотамом) мебошад. Аз соли 1974 дар Институти давла­тии театру кинои Маскав аз маҳорати актёрӣ дарс додааст. Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон А. Раҳматуллоев, С. Сабзалиева, Ю. Юсуфов шогирдони Бондарчук мебошанд. Дорандаи Мукофоти давлатии РСФСР ба номи бародарон Василевҳо (1977; барои филми «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд»), Мукофоти давлатии ҶШС Украина ба номи Т. Г. Шевченко (1982), Мукофоти давлатии ИҶШС (1984; барои филми «Зангулаҳои сурх»). Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …