Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОЛОҲИСОР

БОЛОҲИСОР

kalaБОЛОҲИСОР, қалъаи ҷангии машҳуре дар қисми ҷанубӣ шарқии шаҳри кунунии Кобули Афғонистон. Истилоҳи Болоҳисор аз ду калима: боло – баландӣ ва ҳисор – қалъа таркиб ёфта, маънои қалъаи дар баландӣ ҷойгиршударо ифода мекунад. Мавқеияти Болоҳисор имкон дод, ки қалъа дар муқобили ҳамлаи душман мустаҳкам ва қавӣ бошад. Болоҳисор дар масири таърих гоҳе ҷузъи шаҳри Кобул ва гоҳе ба номи арки шоҳӣ ёд шудааст. Ба ҳар сурат дар ҳар давру замон ба ҳайси махалли мудофиавии зимомдорон хидмат карда­аст. Он дар аҳди қадим арки мустаҳкам буд ва деворҳои хеле қавии сангӣ дошт. Болоҳисор аз тарафи ҷануби ғарбӣ ба девори машҳури Кӯҳи Шери дарвозаи Кобул пайваст буда, то ҳоло бурҷ ва бозмондаҳои деворҳояш пойбарҷоянд. Дар минтақаи шимоли арки Болоҳисор шаҳраки хурди собиқ Болоҳисор воқеъ буд, ки деворҳои паҳни мустаҳкам, бурҷҳои ҷангии таркашдор ва хандақи амиқу васеъ дошт. Аз ин маълум мегардад, ки арки Болоҳисор маркази салтанатӣ, ҷойи амирону ҳокимон ва маҳалли хазинаву нигоҳдории ашёи гаронбаҳои давлатӣ будааст. Шаҳри Болоҳисор макони ходимон, маъмӯрон ва низомиён буда, дар он хонаҳои раҳоиш, қасрҳо, бозорҳо, ҳаммом ва дигар биноҳои заруратӣ эъмор ёфта буданд. Англисҳо Болоҳисорро тарконданд. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммад Нодиршоҳ шаҳри тахрибшуда таҷдиди сохтмон гардид. Баъдан дар дохили Болоҳисор мактаби ҳарбие сохта шуд.

Адабиёт.: Массон В., Ромодин В. А. История Афганистана. В 2 т-х. Москва, 1964; Ядгаров Ш. Афганистан. Душанбе, 2005.

Б. Раҳматов

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …