Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОФТА

БОФТА

boftaБОФТА, ҳуҷайраҳои ба ҳамдигар монанд, ки вазифаи ҳамгун доранд. Бофта дар рустаниҳо, ҳайвонот ва одам мавҷуд аст.

Бофтаи рустаниҳо гуногун мебошанд, масалан, ҳассос, пӯстӣ, асосӣ, механикӣ, ноқил ва тафриқӣ. Бофтаи ҳассос ё меристемавӣ ҳуҷайраи хурди ҳастааш калон буда, зуд тақсим ва ба ҳуҷайраи дигар бофтаҳо мубаддал ме­гардад. Вобаста ба ҷойгоҳу вазифа чунин шаклҳои мери­стема мавҷуданд: нӯгӣ (махрӯти рушди поя, реша ва ғайра), иловагӣ (меристемае, ки асоси миёнабандҳои навдаро пур мекунад), паҳлуӣ (масалан, камбий ва феллоген, ки бинобар фаъолияти онҳо шоху танаву реша ғафс мешавад) ва захмӣ (меристемае, ки дар ҷойи захм ташаккул меёбад). Бофтаҳои пӯст ҳуҷайраҳои зич буда, барг, навда, шох, поя ва танаи рустаниро ҳифз мекунанд, аз хок обу модда­ҳои ғизоиро меҷабанд. Бофтаи асосӣ, ки аз паренхима ташаккул ёфтааст, асоси узв мебошад. Бофтаи асосии узвҳои марказӣ аз дила, торҳои дила, пӯстлохи рӯйи тана иборат аст. Девораи Бофтаи асосӣ баъзан ғафсу чубмонанд мегар­дад. Бофтаҳои механикӣ аз меристемаи якумин ё дувумин ҳосил шуда, танаи рустаниро ба вуҷуд меоранд. Девораи ҳуҷайраҳои онҳо ғафс буда, бисёр вақт чӯб мегардад. Коленхимаҳо (аз ҳуҷайраҳои паренхимавии девораҳояшон селлюлозадор иборатанд), склеренхимаҳо (аз ҳуҷайраҳои девораҳояшон ғафси чӯбгаштаи прозенхимавӣ ташаккул ёфтаанд) ва склереидҳо (аз ҳуҷайраҳои сахту такягоҳи паренхимавии девораҳояшон ғафси найчадор иборатанд) Бофтаҳои механикии асосӣ мебошанд. Ҳуҷайраҳои сахт ба мевапардаи олуболу, олу, гелос, нок, биҳӣ ва ғайра устуворӣ мебахшанд. Бофтаҳои ноқил аз ҳуҷайраҳои гуногун иборат буда, бештар вазифаи таъмини об ва моддаҳои минералӣ (аз хок ба воситаи реша)-ро иҷро мекунанд. Ба Бофтаҳои тафриқӣ унсурҳои махсуси тарашшуҳи дохилӣ (дар онҳо моддаҳои даббоғӣ, зифт, равғани эфир ва ғайра ҷамъ меша­ванд) ва беруна (мӯякҳои гуногуни ғадудӣ, ғадудчаҳои узвҳои нашву боровар) мансубанд.

Бофтаи ҳайвоноту одам пӯстӣ, пайвандӣ, мушакӣ ва асабӣ мешавад. Вазифаи Бофтаҳои пӯст муҳофизат, ихроҷ ва ҷабиши моддаҳост. Ба Бофтаҳои пайвандӣ хун, лимфа, инчунин бофтаҳои тӯрмонанд, ковок, зич, тағояк ва устухонҳо мансубанд. Бофтаҳои тӯрмонанд дар сипурз, уқдаҳои лимфавӣ, мағзи устухон ба мушоҳида мерасанд. Бофтаҳои пайвандии ковок дар насҷи зери пӯст ва қабатҳои ковоки байни узвҳо мавҷуданд. Рагу пайҳо аз Бофтаҳои пайвандии зич таркиб ёфтаанд. Аз Бофтаҳои пайвандии тағоякӣ бандҳо, кабурға, бинӣ, гӯш ва дигар узвҳо ташаккул меёбанд. Бофтаҳои пайвандии устухон вазифаи такягоҳро иҷро меку­нанд. Бофтаҳои мушакӣ ду навъ – суфта ва тарвозарах (арзӣ) мешаванд. Мушакҳои суфта аз ҳуҷайраҳои дарози дукшакл иборат буда, барои ҳаракати узвҳои дохилӣ мусоидат мекунанд. Мушакҳои тарвозарах аз нахҳои мушак (мушакҳои скелетӣ) ё ҳуҷайраҳо (мушаки дил) иборат мебошанд ва қобилияти тез кашиш ёфтан доранд. Бофтаҳои асаб аз ҳуҷайраҳои асаб (нейронҳо) ва ҳуҷайраҳои ёвар иборатанд. Онҳо ангезиши аз муҳит ё аъзо омадаро дарк ва таҳлил мекунанд. Ангезиш ба тавассуги ретсепторуо дарк шуда, ба ҷунба (импулс)-ҳои асаб табдил меёбад ва ба воситаи торҳои асаб ба силсилаи асаби марказӣ мера­вад. Дар он ҷо ҷунбаҳои ҷавобӣ ташаккул ёфта, ба тавас­сути дигар торҳои асаб ба узвҳо мераванд. Масоили сохту ҷойгирии Бофтахоро гистология меомузад.

Адабиёт: Бавтуто Т. А., Еремин В. Н. Ботаника. Москва,  1997; Долгачсва В. С., Алексахина Е. Н. Ботаника. Москва,  2003; Сигидии Я. А. (ва ди­гарон). Диффузные болезни соединительной ткани. СПб., 2004; Анатомия человека в эпонимах. СПб., 2007; Биология. Полный курс. Москва, 2009. Ф. Абдураҳмонов, А. Тошев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …