Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОФТА

БОФТА

boftaБОФТА, хучайрахои ба хамдигар монанд, ки вазифаи хамгун доранд. Бофта дар рустанихо, хайвонот ва одам мавчуд аст.

Бофтаи рустанихо гуногун мебошанд, масалан, хассос, пусти, асоси, механики, нокил ва тафрики. Бофтаи хассос ё меристемави хучайраи хурди хастааш калон буда, зуд таксим ва ба хучайраи дигар бофтахо мубаддал ме­гардад. Вобаста ба чойгоху вазифа чунин шаклхои мери­стема мавчуданд: нуги (махрути рушди поя, реша ва гайра), иловаги (меристемае, ки асоси миёнабандхои навдаро пур мекунад), пахлуи (масалан, камбий ва феллоген, ки бинобар фаъолияти онхо шоху танаву реша гафс мешавад) ва захми (меристемае, ки дар чойи захм ташаккул меёбад). Бофтахои пуст хучайрахои зич буда, барг, навда, шох, поя ва танаи рустаниро хифз мекунанд, аз хок обу модда­хои гизоиро мечабанд. Бофтаи асоси, ки аз паренхима ташаккул ёфтааст, асоси узв мебошад. Бофтаи асосии узвхои маркази аз дила, торхои дила, пустлохи руйи тана иборат аст. Девораи Бофтаи асоси баъзан гафсу чубмонанд мегар­дад. Бофтахои механики аз меристемаи якумин ё дувумин хосил шуда, танаи рустаниро ба вучуд меоранд. Девораи хучайрахои онхо гафс буда, бисёр вакт чуб мегардад. Коленхимахо (аз хучайрахои паренхимавии деворахояшон селлюлозадор иборатанд), склеренхимахо (аз хучайрахои деворахояшон гафси чубгаштаи прозенхимави ташаккул ёфтаанд) ва склереидхо (аз хучайрахои сахту такягохи паренхимавии деворахояшон гафси найчадор иборатанд) Бофтахои механикии асоси мебошанд. Хучайрахои сахт ба мевапардаи олуболу, олу, гелос, нок, бихи ва гайра устувори мебахшанд. Бофтахои нокил аз хучайрахои гуногун иборат буда, бештар вазифаи таъмини об ва моддахои минерали (аз хок ба воситаи реша)-ро ичро мекунанд. Ба Бофтахои тафрики унсурхои махсуси тарашшухи дохили (дар онхо моддахои даббоги, зифт, равгани эфир ва гайра чамъ меша­ванд) ва беруна (муякхои гуногуни гадуди, гадудчахои узвхои нашву боровар) мансубанд.

Бофтаи хайвоноту одам пусти, пайванди, мушаки ва асаби мешавад. Вазифаи Бофтахои пуст мухофизат, ихроч ва чабиши моддахост. Ба Бофтахои пайванди хун, лимфа, инчунин бофтахои турмонанд, ковок, зич, тагояк ва устухонхо мансубанд. Бофтахои турмонанд дар сипурз, укдахои лимфави, магзи устухон ба мушохида мерасанд. Бофтахои пайвандии ковок дар насчи зери пуст ва кабатхои ковоки байни узвхо мавчуданд. Рагу пайхо аз Бофтахои пайвандии зич таркиб ёфтаанд. Аз Бофтахои пайвандии тагояки бандхо, кабурга, бини, гуш ва дигар узвхо ташаккул меёбанд. Бофтахои пайвандии устухон вазифаи такягохро ичро меку­нанд. Бофтахои мушаки ду навъ – суфта ва тарвозарах (арзи) мешаванд. Мушакхои суфта аз хучайрахои дарози дукшакл иборат буда, барои харакати узвхои дохили мусоидат мекунанд. Мушакхои тарвозарах аз наххои мушак (мушакхои скелети) ё хучайрахо (мушаки дил) иборат мебошанд ва кобилияти тез кашиш ёфтан доранд. Бофтахои асаб аз хучайрахои асаб (нейронхо) ва хучайрахои ёвар иборатанд. Онхо ангезиши аз мухит ё аъзо омадаро дарк ва тахлил мекунанд. Ангезиш ба тавассуги ретсепторуо дарк шуда, ба чунба (импулс)-хои асаб табдил меёбад ва ба воситаи торхои асаб ба силсилаи асаби маркази мера­вад. Дар он чо чунбахои чавоби ташаккул ёфта, ба тавас­сути дигар торхои асаб ба узвхо мераванд. Масоили сохту чойгирии Бофтахоро гистология меомузад.

Адабиёт: Бавтуто Т. А., Еремин В. Н. Ботаника. Москва,  1997; Долгачсва В. С., Алексахина Е. Н. Ботаника. Москва,  2003; Сигидии Я. А. (ва ди­гарон). Диффузные болезни соединительной ткани. СПб., 2004; Анатомия человека в эпонимах. СПб., 2007; Биология. Полный курс. Москва, 2009. Ф. Абдурахмонов, А. Тошев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …