Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОФАНДАИ СУРХ

БОФАНДАИ СУРХ

bokhtarБОФАНДАИ СУРХ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар. Аз Бофандаи Сурх то марказӣ ноҳия 4 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1315 нафар (2013). Бофандаи Сурх мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи уму­мии деҳаи Янгиюл таҳсил мекунанд. Деҳа бунгоҳи тиббӣ ва 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш ба воситаи наҳри Тӯрариқ обёрӣ мешаванд. Бори нахуст мардумонаш (15-20 хоҷагӣ) солҳои 1929-30 аз деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳоҷир шуда, заминҳои бекорхобида ва қамишзорӯ туғайзорро обод карданд. Солҳои 1949-50 аз ноҳияҳои Файзобод ва Обигарм низ ба Бофандаи Сурх аҳолӣ муҳоҷир шуда, дар ҳайати колхози ба номи Ленин бо сарварии Самарбӣ ном раиси колхоз кор кардаанд. Айнӣ замон дар ҳудуди Бофандаи Сурх 8 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …