Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / БОФАНДАИ СУРХ

БОФАНДАИ СУРХ

bokhtarБОФАНДАИ СУРХ, деха дар чамоати дехоти Сарвати Истиклоли нохияи Бохтар. Аз Бофандаи Сурх то маркази нохия 4 километр; рох асфалтпуш. Ахолиаш 1315 нафар (2013). Бофандаи Сурх мактаб надорад. Талабагон дар мактаби тахсилоти миёнаи уму­мии дехаи Янгиюл тахсил мекунанд. Деха бунгохи тибби ва 3 нуктаи савдои хусуси дорад. Сохахои асосии хочаги: пахтакори ва чорводори. Заминхо аз дарёи Вахш ба воситаи нахри Турарик обёри мешаванд. Бори нахуст мардумонаш (15-20 хочаги) солхои 1929-30 аз дехаи Чодаки нохияи Попи вилояти Намангони Чумхурии Узбекистон мухочир шуда, заминхои бекорхобида ва камишзору тугайзорро обод карданд. Солхои 1949-50 аз нохияхои Файзобод ва Обигарм низ ба Бофандаи Сурх ахоли мухочир шуда, дар хайати колхози ба номи Ленин бо сарварии Самарби ном раиси колхоз кор кардаанд. Айни замон дар худуди Бофандаи Сурх 8 хочагии дехкони мавчуд аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …