Маълумоти охирин
Главная / M. A. (страница 7)

M. A.

Абдулҷамил

Абдулҷамил (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1505, Ҳирот), хаттоти тоҷик (асри 14). Зодгоҳаш Ҳирот. Дар ҳамон ҷо ба камол расидааст. Дар навиштани хати настаълиқ хеле моҳир бу­дааст. Абдулҷамил дар мадрасаи Султонияи Ҳирот аз сарфу наҳви арабӣ дарс гирифтааст. Аз осори хаттотии ӯ «Хамса»-и Навоӣ (китобаташ соли 1484) то замони мо …

Муфассал »

Абдулҷаббори Xуҷандӣ

Абдулҷаббори Xуҷандӣ (соли таваллудаш номаълум – вафот 1219, Хуҷанд), мунаҷҷим ва шоири тоҷик. Оид ба ҳаёташ маълумот нест. Аз Абдулҷаббори Xуҷандӣ аса­ри манзуми нуҷумии «Ал-мадхал-ул- манзум фи аҳком-ин-нуҷум» («М адҳали манзум дар аҳкоми нуҷум») то замони мо расидааст. Ин асар дар байни аҳли адаб маъруф буд ва ба он мунаҷҷимони …

Муфассал »

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ (1831/1832, Ургут – 1912, ҳамон ҷо), хаттот ва шоири тоҷик. Яке аз чаҳор нафар ихтироъкорони навъҳои хати настаълиқ. Услуби хаттотии се нафари аввал (Мавлавӣ Соқӣ Муҳаммад, Сиддиқхони Дарахтӣ, Сиддиқхони Иштихонӣ)-ро минбаъд чандин хушнависон пайравӣ ва аз худ кардаанд, вале тарзу услуби Абдулҷабборро ҳарчанд кӯшида бошанд ҳам, касе …

Муфассал »

Абдулҷаббори Меъмор

Абдулҷаббори Меъмор (соли таваллуд ва вафот номаълум), меъмор ва мусаввири тоҷик (асри 17). Аз осори меъмории Абдулҷаббори  Меъмор то замони мо баъзе намунаҳо расидаанд. Тарҳи Мадрасаи Шердори Регистони Самарқанд амали ӯ буда, солҳои 1619 – 1636 бо иштироки бевоситаи меъмор бунёд ёфтааст. Дар кошиҳои сафеди равоқи даруни пештоқ номи «Усто …

Муфассал »

Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ

Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ Алӣ Муншии Астарободӣ (соли тав.аллуд ва ва­фот номаълум), хаттот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 16). Абдулҷаббор устоди хати настаълиқ буда, дар дарбори Аҳмади Гелонӣ (ҳукмрониаш 1536- 1567/1568) хизмат кардааст. Солҳои 60 асри 16 дар Қазвин асир ва дар китобхонаи шоҳ Тахмосб хаттот ва мусаввир будааст. Солҳои 70 асри …

Муфассал »

Абдулҷаббор

Абдулҷаббор (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти эронӣ (асри 17). Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Абдулҷаббор то ҳол маълумоти кофӣ дастрас нашудааст. Намунаҳои хати ӯ дар китобхонаҳои Лондон, Париж (масалан, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, китобаташ соли 1624, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, кито­баташ 1633/1634) маҳфузанд.

Муфассал »

Абдулҳасанов Абдулраҳим

Абдулҳасанов Абдулраҳим Абдулҳамидович (таваллудаш 28. 6. 1960, деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон), арбоби риштаи ҳуқуқи тоҷик, генерал-майори адлия (2008). Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷи­кистон (1983). Солҳои 1983 – 1986 муфаттиши прокуратураи нақлиётии Тоҷикистон, 1987 – 1891 сармуфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳим дар назди Прокурори РСС Тоҷикистон, 1991 -1992 …

Муфассал »

Абдулҳамиди Муҳманд

Абдулҳамиди Муҳманд (1660 – 1732), шоири афғон (пашту- забон). Тахаллусаш Мӯшикоф. Дар анвои шеъри классикии форс-тоҷик – ғазал, рубоӣ, маснавӣ ва шакли шеърии мухаммас асар эҷод карда­аст. Ақоиду андешаҳои ахлоқӣ ва тасаввуфиаш дар маҷмӯаи ашъораш – «Дурру Марҷон» ифода ёфтаанд. Азбаски дар шеър пайрави Мирзо Абдулқодири Бедил буд, бо номи …

Муфассал »

Абдулҳамиди Котиб

Абдулҳамиди Котиб Абуғолиб Абдулҳамид ибни Яҳё ибни Саъд (680 – 750), нависанда, котиб (дабир)-и арабизабони эронинажод. Дар оғози фаъолият дар шаҳрҳои гуногуни Ироқ ба таълими кӯдакон машғул шудааст. Баъдан дар дево­ни халифаҳо Язид ибни Абдулмалик (ҳукмрониаш 720 – 724), Ҳишом ибни Аб­дулмалик (ҳукмрониаш 724 – 743) ва охирин халифаи умавӣ …

Муфассал »

Абдулҳақов Нусратулло

Абдулҳақов Нусратулло (10. 1. 1930, деҳаи Сияҳлояки ноҳияи Ховалинг  -2004, Душанбе), арбоби давлатӣ ва низомӣ, генерал-майори милитсия (1975). Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ (1946) ва Институти давлатии педагогии Кӯлобро (1948) хатм карда, дар мактабҳои ноҳияи Балҷувон даресдодааст. Котиби якуми Комитети комсомолии ноҳияи Балҷувон (1950 – 1952), мудири шӯъбаи Комите­ти ҳизби коммунистии ҳамин ноҳия …

Муфассал »