Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / АБЕВАРД

АБЕВАРД

АБЕВАРД, Абивард, Бовард, харобаи шаҳри қадима дар шимоли Хуросон. Дар доманаи кӯҳи Ҳазор- масчид воқеъ аст. Абевард дар давраи Аш- кониён бино ёфта, таърихнигорони румии қарни аввал онро ба номҳои «Apaortemon», «Apavortene» ва «Ара- vorktikene» зикр кардаанд.

abevard

Абевард дар даврони ҳукуматдории Сосониён, бахусус подшоҳии Яздигурди II ва Пирӯз равнақ дошта, аз марказҳои густариши масеҳият дар Хуросон маҳсуб мешуд. Ҳокимон ва фармонравоёни Абевардро қабл аз тавсеаи Ислом ба номи «Бахман» ёд мекардаанд. Аз нимаи дуюми асри 7 Абевард тобеи хилофати араб гардид. Пас аз суқути Тоҳириён ва Саффориён Абевард тобеи давлатдории Со­мониён шуд.

Дар даврони давлатдо­рии Сомониён амир Нӯҳ ибни Мансур Абевардро ба шоҳи Хоразм – Абуабдуллоҳ такдим кард. Соли 1221 Абевардро муғулҳо забт карданд. Дар асри 15 ба импери­яи Темур ва аз соли 1593 ба ҳудуди давлати Шайбониён дохил буд.

Аз соли 1600 тобеи Сафавиён. Абевард пас аз таъйини сарҳади Россия ва Эрон (1881) ба уезди Таҷани вилояти Закаспияи Россия 59 дохил шуд. Охири асри 19 ба хароба табдил ёфт. Ҳоло дар наздикии Абевард деҳаи Пештоқ вучуд дорад. Л. Бойматов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …