Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Абдуллоева Насиба

Абдуллоева Насиба

Абдуллоева Насиба (таваллудаш 15.11. 1961, Самарқанд), сароянда, Артисти халқии Ӯзбекистон (1993). Хатмкардаи Студияи мусиқии Самарқанд (1979) ва Институти давлатии маданияти Тошкент (1989). Эҷодиёташро аз иҷрои сурудҳои халқӣ шурӯъ карда, «Лазгии Хоразм», «Баригал», «Танавор»-ро ҳамчун дурдонаҳои эҷоди мардуми Шарқ ҷилвагар сохт.

Ма­ҳорати бадеӣ, овози нозуки ширадор, интихоби матнҳои баландмазмун хоси ҳунари Абдуллоева аст. Махсусан сурудҳои ишқӣ («Арзамро гуфтам», «Ҷони ман», «Малак» ва ғайра)-ро бо эҳсоси олӣ иҷро мекунад. Дар эҷодиёти Абдуллоева сурудҳои тоҷикӣ, туркӣ, озарӣ, эронӣ мавқеи намоён доранд. Чанд маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафари ҳунарӣ кардааст.

Филми телевизи­онии «Насиба» («Ӯзбектелефилм», 1989) ба эҷодиёти Абдуллоева бахшида шудааст. Дар Тоҷикистон борҳо ҳунарнамоӣ карда, байни сокинони ин ҷо маҳбубият пайдо кардааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …