Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 9-УМИ РКП(б)

СЪЕЗДИ 9-УМИ РКП(б)

9-sezd-rkp

СЪЕЗДИ 9-УМИ РКП(б), 29 Март —5 апрел 1920 дар Москва барпо гардид. Дар он 553 вакил бо овози ҳалкунанда ва 162 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказӣ; Вазифаҳои навбатии сохтмони хоҷагӣ; Ҳаракати иттифоқҳои касаба; Масъалаҳои ташкилӣ; Вазифаҳои Интернасионали Коммунистӣ; Муносибат ба кооперасия; Гузаштан ба систамаи милисия; Интихоби Комитети Маркзӣ. Ба кори съезд В. И. Ленин роҳбарӣ кард.

Масъалаи сохтмони хоҷагӣ, барқарор кардан ва тараққӣ додани хоҷагии халқи мамлакат асоси рӯзномаи съездро ташкил дод. Дар резолюцияи съезд «Дар бораи вазифаҳои навбатии сохтмони хоҷагӣ» таъкид карда шуд, ки шарти асосии аз нав барқароркунии иқтисодиёти мамлакат бемайлон ба амал баровардани плани ягонаи хоҷагӣ аст, ки асоси он бояд электриконии мамлакат бошад.

Ба роҳи дар соҳаи сохтмони хоҷагӣ пешгирифтаи партия гурӯҳи зиддинашриявии «сентрализми демократӣ» (Т. В. Сапронов, П. Осиский, В. М. Смирнов) муқобил баромад. «Десистҳо» ба пешниҳоди ҷалб кардани мутахассисотаи кӯҳна ба кор ва яккасардорӣ дар кори роҳбарии корхонаҳо муқобил баромаданд. Съезд ба ҳамаи ақидаҳои зиддипартиявӣ зарба зад.

Дар резолюсияи оид ба иттифоқҳои касаба съезд зарурати дар сохтмони хоҷагӣ фаъолона иштирок кардани меҳнаткашоиро нишон дод.

Съезд ба беҳтар намуданя кори нақлиёти роҳи оҳан аҳамияти калон дод, дар бораи ташкили алоқаҳои байни комиссариатҳои хоҷагӣ қарор қабул кард. Дар резолюсия «Съезд ба масъалаи ташкилӣ» зарурати ба масъалаҳои сохтмони хоҷагӣ ҷалб намудани диққати партия ва ҳамаи ташкилотҳои он нишон дода шуд. Съезд дар бораи нашри Куллиёти В. И. Ленин қарор қабул кард. Съезд Комитети Марказиро иборат аз 19 аъзо ва 12 номзад ба аъзоӣ интихоб намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …