САНЪАТИ ТАСВИРӢ, як соҳаи санъати пластикист, ки санъати рассомӣ, графика, ҳайкалтарошӣ ва суратгириро (манзара, портрет, фотоэтюд ва ғайра) дар бар мегирад. Санъати тасвирӣ воқеияти реалию предметҳои мавҷударо тавассути образҳои аёнию идашаванда ва дар шақли табииашон (мувофиқи аслаш) тасвир менамояд, барои ифодаи онҳо аз методи умумикунонӣ, типикунонӣ, инчунин им-кониятҳои гуногуни ҳаҷм, …
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
САНЪАТИ ҚАНДАҲОР
САНЪАТИ ҚАНДАҲОР, мактаби машҳури бадеии замони Кушониён (а-срҳои 1—3 милод), ки баробари «санъати сулолави»-и Кушониён вуҷуд дошт. Номи ин санъат аз номи вилояти Қандаҳор (поёноби дарёи Кобул ва як қисми водии дарёи Ҳинд) бармеояд. Як гурӯҳ муҳаққиқон Санъати Қандаҳорро ба санъатн юнонию буддоӣ, гурӯҳи дигар ба римию буддоӣ нисбат медиҳанд. …
Муфассал »САНЪАТИ РЕЖИССЁРӢ
САНЪАТИ РЕЖИССЁРӢ, як навъи санъатест, ки ба таҳияи намоиш, инъикоси ҳаётии намоишнома дар театр, кино, телевизион, сирк, эстрада ва барномаи радио машғул аст. Режиссёр ҳангоми таҳияи асари саҳнавӣ ё кинофилм ба ҳайати ходимони эҷодӣ — актёрон, солист, рассом, бастакор (оператор дар кино ва телевизион), ёрдамчиён, ходимони техникӣ ва дигар роҳбарӣ …
Муфассал »САНЪАТИ ОРОИШИ САҲНА
САНЪАТИ ОРОИШИ САҲНА, санъати офариниши образи аёнии спектакл тавассути декоратсия, костюм, рӯшноӣ ва техникаи саҳнавй. Санъати ороиши саҳна бо ёрии воситаҳои саноеъи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ ва дигар василаҳои ороишоти саҳна мазмун, мундариҷа ва услуби намоишро инъикос менамояд. Санъати ороиши саҳна аз ҷиҳози оддӣ (костюм, ниқоб ва ғайра) то воситаҳои мураккабтарини …
Муфассал »САНЪАТИ РАССОМӢ
САНЪАТИ РАССОМӢ, суратгарӣ, як навъи санъати тасвирист, ки ҳамчун асари бадеӣ тавассути рангҳо дар рӯи ягон чиз офарида мешавад. Санъати рассомӣ воситаи муҳими инъикос ва тафсири бадеии воқеият буда, ба афкору эҳсоси бинанда таъсир мерасонад, дорои мундариҷаи хоси иҷтимоӣ ва вазифаҳои гуногуни идеологӣ мебошад. Дар асари Санъати рассомӣ рассом барои …
Муфассал »САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ
САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ, яке аз навъҳои эҷоди бадеӣ, ороиши дастхатҳо. Санъати ороиши китоб— маҳсули ранҷи кол- лективонаи қоғазрезон, хушнависон, наққошон, музоҳҳнбон, акссозон, афшонгарон, рангомезон, саҳҳофон ва дигар ҳунарварони асрҳои миёна. Дар меҳнати якҷояи устодони ин ҳунарҳои шево, ки ҳар яке вазифа ва мавқеи хос дошт, пайдарҳамь ва ҳамкории муайяне дида …
Муфассал »САНЪАТИ ОРОИШИ АМАЛӢ
САНЪАТИ ОРОИШИ АМАЛӢ, як навъи санъати ороишию тасвирист, ки асосан барои маишату рӯзгор маснуоти бадеӣ меофарад. Асбобу анҷомҳои гуногун, мебел, матоъ, олоти меҳнат, сару либос ва ҳама гуна ҷиҳози зебу зинат асари Санъати ороиши амалӣ шуда метавонанд. Асарҳои Санъати ороиши амаиро аз рӯи маснуоти масолеҳ (филизот, сафол, матоъ, чӯб ва …
Муфассал »САНЪАТИ ОПЕРАТОРӢ
САНЪАТИ ОПЕРАТОРӢ, як навъи эҷодиёти кинематографӣ, тавассути усулҳои банаворгирӣ ва ҳамдастии кинорежиссёру рассом офаридани шакли тасвирӣ — бадеии кинофилм ё филми телевизионӣ. Мундариҷа ва ғояи асар, афкори кинодраматург ва режиссёр ба воситаи образҳои тасвирӣ ифода меёбанд. Вобаста ба саҳна ва эпизодҳои ҷудогона дар Санъати операторӣ принсипҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, графика, …
Муфассал »САНЪАТИ ОПЕРАТИВӢ
САНЪАТИ ОПЕРАТИВӢ, қисми таркибии санъати ҳарбӣ, ки масъалаҳои назарию амалии табёрӣ ва гузориши амалиёти фронту армияҳо, инчунин амалиёти якҷояю мустақили навъҳои гуногуни қувваҳои мусаллаҳро дар бар мегирад; соҳаи мустақили назарияи илми ҳарбӣ. Вазифаҳои асосии Санъати оперативӣ: тадқиқи ха- рактер ва мазмуни амалиёт (амалиёти ҷангӣ), тарзи тайёрӣ ва гузоришҳо дар баҳру …
Муфассал »САНЪАТИ МОНУМЕНТАЛӢ
САНЪАТИ МОНУМЕНТАЛӢ, як навъи санъати пластикӣ, ки он вобаста ба муҳити конкретии меъморӣ офарида мешавад. Бо мазмуни ғоявию бадеӣ, архитектоника, рангубор ва моҳияти маънавиаш аз дигар намуди санъат фарқ карда, дорои мундариҷаи бой, шакли таъмимӣ ва андозаи муайян мебошад. Санъати монументалӣ ёдгорию монументҳо, асарҳои ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, мозайка (хотамкорӣ), витраж, ороиши …
Муфассал »