Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ОПЕРАТОРӢ

САНЪАТИ ОПЕРАТОРӢ

САНЪАТИ ОПЕРАТОРӢ, як навъи эҷодиёти кинематографӣ, тавассути усулҳои банаворгирӣ ва ҳамдастии кинорежиссёру рассом офаридани шакли тасвирӣ — бадеии кинофилм ё филми телевизионӣ. Мундариҷа ва ғояи асар, афкори кинодраматург ва режиссёр ба воситаи образҳои тасвирӣ ифода меёбанд. Вобаста ба саҳна ва эпизодҳои ҷудогона дар Санъати операторӣ принсипҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, графика, пейзаж, портрет) ва жанрҳои бадеӣ (рамзӣ, маишӣ, таърихӣ) истифода мешаванд. Асоси Санъати операториро равшан кардани объектҳои банаворгирӣ—мизансенаҳои актёрӣ, биною иншооти меъморӣ, декорасия, интерер ва ғайра ташкил медиҳад. Монтажи кадр яке аз ҷиҳатҳои муҳими Санъати операторӣ буда, барои фароҳам овардани материали кино, ифодаи идея ва образҳои фил ва ғайра истифода мешавад. Рафти умумии филм ва кадрҳои ҷудогонаро дар инкишофи драматикӣ нишон додан ба маҳорати оператор вобаста аст.

kino

Пайдоиш ва инкишофи Санъати операторӣ бо ташаккули санъати кино алоқа дорад. Филмҳои аввалин ба «суратҳои зинда» шабоҳат доштанд. Дар филмҳои беҳтарини солҳои 20 советӣ «Киштии зиреҳпӯши «Потёмкин» (оператор Э. К. Тиссэ), «Модар» (А. Д. Головня) усулҳои нави рушноидиҳӣ чун во- ситаи ифодаи динамикаи ҳаракати револютсионӣ ва образҳои инқилобчиён хизмат кардаанд. Дар ҷараёни ҷустуҷӯи воситаҳои нави ифода мактаби советии Санъати операторӣ ба миён омад. Солҳои 30 бо офаридани филмҳои «Чапаев» (оператор А. И. Сигаев), «Ленин дар Октябр», «Ленин дар соли 1913» (Б. И. Волчек) Санъати оператории советӣ ба пояи баланд расид. Аз ниман солҳои 50 баробари пайдоиши системаи нави кинематограф, аз ҷумла, кинои васеъформат ва кинои васеъэкран имкониятҳои тасвирии Санъати операторӣ ташкил ёфт ва як силсила филмҳои аз рӯи санъати операторӣ пурарзиш— «Отел- ло» (Б. Н. Адриканис), «Парвози турнаҳо» (С. П. Урусовский), «Бача- гии Иван» (В. И. Юсов), «Ҷанг ва сулҳ» (А. А. Потриский), «Озодкунӣ» (И. М. Слабневич), «Арӯс» (X. К. Нарлиев) офарида шуданд. Дар филмҳои тоҷикии «Чароғ дар кӯҳсор» (оператор И. Барамыков), «Қисмати шоир» (Н. Олоновский) «Байрақи оҳангар» (Н. Ардашников), «Марги судхӯр» (А. Мансуров), «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш» (оператор Д. Худоназаров) ва ғайра ҷустуҷӯӣ ва бозёфтҳои эҷодии операторон равшан ифода ёфтааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …