Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ОПЕРАТОРИ

САНЪАТИ ОПЕРАТОРИ

САНЪАТИ ОПЕРАТОРИ, як навъи эчодиёти кинематографи, тавассути усулхои банаворгири ва хамдастии кинорежиссёру рассом офаридани шакли тасвири — бадеии кинофилм ё филми телевизиони. Мундарича ва гояи асар, афкори кинодраматург ва режиссёр ба воситаи образхои тасвири ифода меёбанд. Вобаста ба сахна ва эпизодхои чудогона дар Санъати оператори принсипхои санъати тасвири (рассоми, графика, пейзаж, портрет) ва жанрхои бадеи (рамзи, маиши, таърихи) истифода мешаванд. Асоси Санъати операториро равшан кардани объектхои банаворгири—мизансенахои актёри, биною иншооти меъмори, декорасия, интерер ва гайра ташкил медихад. Монтажи кадр яке аз чихатхои мухими Санъати оператори буда, барои фарохам овардани материали кино, ифодаи идея ва образхои фил ва гайра истифода мешавад. Рафти умумии филм ва кадрхои чудогонаро дар инкишофи драматики нишон додан ба махорати оператор вобаста аст.

kino

Пайдоиш ва инкишофи Санъати оператори бо ташаккули санъати кино алока дорад. Филмхои аввалин ба «суратхои зинда» шабохат доштанд. Дар филмхои бехтарини солхои 20 совети «Киштии зирехпуши «Потёмкин» (оператор Э. К. Тиссэ), «Модар» (А. Д. Головня) усулхои нави рушноидихи чун во- ситаи ифодаи динамикаи харакати револютсиони ва образхои инкилобчиён хизмат кардаанд. Дар чараёни чустучуи воситахои нави ифода мактаби советии Санъати оператори ба миён омад. Солхои 30 бо офаридани филмхои «Чапаев» (оператор А. И. Сигаев), «Ленин дар Октябр», «Ленин дар соли 1913» (Б. И. Волчек) Санъати оператории совети ба пояи баланд расид. Аз ниман солхои 50 баробари пайдоиши системаи нави кинематограф, аз чумла, кинои васеъформат ва кинои васеъэкран имкониятхои тасвирии Санъати оператори ташкил ёфт ва як силсила филмхои аз руи санъати оператори пурарзиш— «Отел- ло» (Б. Н. Адриканис), «Парвози турнахо» (С. П. Урусовский), «Бача- гии Иван» (В. И. Юсов), «Чанг ва сулх» (А. А. Потриский), «Озодкуни» (И. М. Слабневич), «Арус» (X. К. Нарлиев) офарида шуданд. Дар филмхои точикии «Чарог дар кухсор» (оператор И. Барамыков), «Кисмати шоир» (Н. Олоновский) «Байраки охангар» (Н. Ардашников), «Марги судхур» (А. Мансуров), «Достони Рустам», «Рустам ва Сухроб», «Достони Сиёвуш» (оператор Д. Худоназаров) ва гайра чустучуи ва бозёфтхои эчодии операторон равшан ифода ёфтааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …