САРБУТУНҲО, яке аз зерсинфҳон моҳиҳои тағоякдорро гӯянд. Дарозии танашон то 1,2 метр; скелеташон тағоякӣ. Косахонаи са- рашон аутостилӣ мебошад, яъне тағояки ком пурра ба косахонаи сар васл шудааст; 4 роғи ғалсамалшон бо чини пӯст пӯшида шудааст, ки ба туфайли ин фақат як ҷуфти сӯрохии ғалсамаашог ба берун кушода мешавад. Дандонҳояшон …
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
Оҳанги «САРБОЗИ»
«САРБОЗИ», Сарбозча, Сарбоз, оҳанги халқии тоҷикист, ки рӯҳи ҷанговарона ва ҳарбӣ дорад. «Сарбози» дар ченакн 4/4-и усули доираи «Соқинома» иҷро гардида, зарбаш қадамзании ҷанговаронаи ҳарбиёнро ифода мекунад. Ин оҳанг бо созҳои якка ва ансамблҳои гуногун навохта мешудааст ва як навъи суруд низ будааст. Баъзе оҳангҳои «Сарбози» бо таронаи якуми «Навои …
Муфассал »САРБОЗ
САРБОЗ, нигаред, Нӯкар.
Муфассал »САРБАНДИ АБДУЛЛОҲХОН
САРБАНДИ АБДУЛЛОҲХОН, обанбори асри 16, ки дар давраи ҳукмронии ҳокими Бухоро Абдуллоҳхони, II бунёд шудааст. Боқимондаи ин иншоот 65 километр шарқтари райони Нуратои вилояти Самарқанд, дар дараи Бекларсои назди деҳаи Эски Оқчоб воқеъ аст. Солҳои 1957—1962 экспедисияи археологии Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ба ҳафриёти …
Муфассал »Деҳаи САРБАНД
САРБАНД, деҳаест дар Совети қишлоқи _ба номи Айнии райони Илич, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи совхози «Қирғизистон». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 12 километр, то район 24 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 930 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллакорй ва кирмакдорист. Заминҳо аз …
Муфассал »САРБАНД
САРБАНД, дарғот, иншооти гидротехникиест, ки барои баланд кардани сатҳи об дар маҷрои оби равон (дарё, канал ва ғайра) сохта мешавад. Сарбандро бо мақсадҳои истифодаи энергияи об, беҳтар намудани киштигардӣ, обёрӣ ва ғайра месозанд. Масалан, дар Тоҷикистон Сарбандҳои, Канали Калони Ҳисор, дарёи Хонақо, обанборҳои Мӯъминобод ва Селбур ба мақсадҳои ирригасия, Сарбанди …
Муфассал »САРБАЙТ
САРБАЙТ, байти аввал ва оғози сурудро гӯянд. Сарбайт як ё ду ва гоҳо чаҳор мисраъ мешавад. Онро дар маҳалҳо саровоз, сарнақш, сармандоғ ва шероза ҳам мегӯянд. Сарбайт бо нақарот робитаи қавӣ дошта, ба суруд тартиб, низом ва тантана мебахшад. Сарбайтро одатан сарбайтхон месарояд, ки бояд овози хуб дошта бошад. Дар …
Муфассал »САРБАДОРОН
САРБАДОРОН Деҳқонон, ҳунармандон ва заминдорони хурде, ки дар ҳаракати халқии озодихоҳии асри 14 дар Эрон ва Осиёи Миёна бар зидди истилогарони бодиянишини муғулу турк ва феодалони маҳаллӣ иштирок кардаанд. Ташкилкунанда ва роҳбари ғоявии Сарбадорон шайхи масҷиди ҷомеъи шаҳри Сабзвор Ҳалифа буд. Баъди кушта шудани ӯ (1335) сардори Сарбадорон шогирди Халифа …
Муфассал »САРБ
САРБ, нигаред, Чарбу.
Муфассал »Сараҷян Константин Соломонович
САРАҶЕВ, Сараҷян Константин Соломонович (9. 10. 1877, Дарбанд — 22. 7. 1954, Ереван), дирижёр, педагог ва ходими мусиқии советӣ, Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон (1945), Қаҳрамони Меҳнат (1921). Сараҷаев 1898 Консерваторияи Москваро (скрипканавозиро аз И. В. Гржимали ва контрапунктро аз С. И. Танеев омӯхтааст) хатм кардааст. Солҳои 1904—1906 аз …
Муфассал »