Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САРБАНДИ АБДУЛЛОҲХОН

САРБАНДИ АБДУЛЛОҲХОН

САРБАНДИ АБДУЛЛОҲХОН, обанбори асри 16, ки дар давраи ҳукмронии ҳокими Бухоро Абдуллоҳхони, II бунёд шудааст. Боқимондаи ин иншоот 65 километр шарқтари райони Нуратои вилояти Самарқанд, дар дараи Бекларсои назди деҳаи Эски Оқчоб воқеъ аст. Солҳои 1957—1962 экспедисияи археологии Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ба ҳафриёти Сарбанди Абдуллоҳхон машғул шуд. Дарғоти Сарбанди Абдуллоҳхон аз варақсангҳо бунёд ёфта, дар он сангпораҳои бо гачи махсуси ба об тобовар омехта истифода шудааст. Тӯли қисми поёни таҳкурсии дарғот 73 метр, қисми болоаш 85 метр, баландиаш 14,5 метр. Сарбанди Абдуллоҳхон зина-зина сохта шуда, ғафсии қисми поёни таҳкурсии дарғоти он 15.3 мнтр, қисми болоаш 4,5 метр аст. Тӯли сатҳи обанбор 1,5 километр, бараш 75—125 метр. Дар Сарбанди Абдуллоҳхон тахминан 2 миллион метрэ об ҷамъ мешудааст. Институти лоиҳакаши «Средазгипроводхлопок» лоиҳаи обанбори навро тартиб дод, ки сохтани он дар дараи Бекларсой, дар ҷои пештараи Сарбанди Абдуллоҳхон пешбинӣ шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …