САРИАНГУР, деҳаест дар Совети қишлоқ Мичурини райони Восеъ, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози боғу токдории ба номи Владимир Илич Ленин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 6 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳоляиаш 545 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ боғу токдорист. Заминҳо аз дарёи Яхсу …
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
САРЕЪ
САРЕЪ ( тезрафтор, тундрав), номи яке аз баҳрҳои арӯз Шеъри ин баҳр шӯху сабук, хониши он тезу бошитоб аст. Рукни аслии Сареъ ду бор мустафъилун (- -V —/- – V —) ва мафъӯлоту (—V) мебошад. Навъҳои гуногуни Сареъ аз омезиши чаҳор зиҳофи рукни мустафъи- лун: матвӣ — муфтаилун, махбун — …
Муфассал »Кӯли САРЕЗ
САРЕЗ, Саррез, кӯлест дар ҳудуди районҳон Рушон ва Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Дар ҷараёни поёнинд. Мурғоб (ҳавзаи Бартанг), байни қаторкӯҳхои Аличури Шимолӣ ва Музқӯл, дар баландии 3260 метр воқеъ гаштааст. Масоҳати сатҳи оби кӯл 79,4 километр2, тулаш 55,8 километр. Ҷои аз ҳама сербараш 3,3 километр; ҳисоби миёнаи чуқурй 200 …
Муфассал »САРДХУНҲО
САРДХУНҲО, ҳайвонҳои пойкилотермӣ (аз юнонӣ — гуногун, тағйирёбанда ва шегте — гар- мӣ), як гурӯҳ ҷонваронеро гӯянд, ки ҳарорати баданашон вобаста ба ҳарорати муҳити беруна тағйир ёфта меистад. Ба Сардхунҳо ҳамаи бемӯҳраҳо, моҳиҳо, обхокиҳо ва хазандаҳо мансубанд. Ҳарорати бадани Сардхунҳо одатан ба ҳарорати муҳити беруна баробар ё аз он ҳамагӣ …
Муфассал »САРДУРИИ I
САРДУРИИ I, шоҳи Урартун нимаи дуюми асри 9 то милод, писари Лутипри. Муосири шоҳи Ошур Салманасари III, ки дар навиштаҳои ӯ оид ба воқеаҳои соли 833 то милод бо номи Седури ёдовар шудааст. Навиштаҳои ошурии девори мудофиавӣ, ки Сардурӣ дар шаҳри Тушпа (ҳозира Ван) сохта буд, то замони мо боқӣ …
Муфассал »САРДОБА
САРДОБА, ҳавзи гунбазпӯшест барои захира кардан ва серун нигоҳ доштани оби барфу борон, наҳру ҷӯн ва обҳои зеризаминӣ. Девори Сардоба шакли мудаввар дошта, диаметраш 12— 17 метр, чуқуриаш 10—16 метр мешавад. Гупбази Сардоба аз хишти пухта сохта шуда, равзана дорад. Тавассути новачаҳо ва сӯрохҳои атрофи Сардоба дар ҳавз об ҷамъ …
Муфассал »САРДОРОВ Қарохон
САРДОРОВ Қарохон (1905, деҳаи Мурзабеки райони Хатаби Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. —1956, райони Ленин), яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза аз соли 1930. Солҳои 1919 мардикорӣ мекард. Солҳои 1923—дар қисми разведкаи корпуси 13-уми Армияи …
Муфассал »Ҷазираи САРДИНИЯ
САРДИНИЯ (Загдедиа), ҷазираест дар баҳри Миёназамин, ғарбтар аз нимҷазираи Апеннин. Территорияи Италия. Масоҳаташ 24 ҳазор километр2. Аҳолиаш 1,5 миллион нафар. (1973). Шаҳр ва бандари асосиаш — Каляри. Сардинияро гул. Бонифачо аз ҷазираи Корсика ҷудо мекунад. Релефи ҷазира асосан кӯҳист. Баландии кӯҳҳо то 1834 метр (кғҳи Ла-Мармора). Пастиҳои начандон калон қад-қади …
Муфассал »Деҳаи САРДОБ
САРДОБ, деҳаест дар Совети қишлоқ. Авзикенти райони Мастчоҳ, вилояти Ленинобод. Территорияи Иттиҳодияи байнихоҷагии гӯсфандпарварии райони Хуҷанд. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 36 километр, то район 35 киломнтр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 420 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо.Сардоб мактаби 8-сола, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ ва чорводорист. Заминҳо …
Муфассал »Деҳаи САРДЕМ
САРДЕМ, деҳаест дар Совети қишлоқ Ванқалъаи райони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «50-солагии Помири Советӣ». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 98 километр. Аҳолиаш 420 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва зироаткорист. Заминҳо аз дарёчаи Шазуд обёрӣ мешаванд.
Муфассал »