Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРДОБА

САРДОБА

САРДОБА, ҳавзи гунбазпӯшест барои захира кардан ва серун нигоҳ доштани оби барфу борон, наҳру ҷӯн ва обҳои зеризаминӣ. Девори Сардоба шакли мудаввар дошта, диаметраш 12— 17 метр, чуқуриаш 10—16 метр мешавад. Гупбази Сардоба аз хишти пухта сохта шуда, равзана дорад. Тавассути новачаҳо ва сӯрохҳои атрофи Сардоба дар ҳавз об ҷамъ мешавад. Ба Сардоба дари даромад низ мегузоштанд. Дар назди Сардоба барои об додани чорво охурчаҳои махсус месохтанд, ки ба он тавассути тарновҳо об ҷорӣ мешуд. Баъзан дар назди Сардоба барои посбони ҳавз хонаи махсус месохтанд. Во- баста ба мавқеи географӣ, релеф ва табиати мавзеъ Сардоба ҳар хел сохта мешуд. Ҳангоми сохтани Сардобаҳое, ки аз оби барфу борон пур мешуданд, ба интихоби ҷой аҳамияти калон медоданд. Аз рӯи маълумоти таърихӣ дар Мовароуннаҳр 44 Сардоба вуҷуд доштааст (Сардобаи Санги Сувлоқ, Сардобаи Работи Малик ва ғайра). Аз онҳо 29-тоаш дар чӯли Қаршӣ, 3-тоаш дар Мирзочӯл, 3-тоаш дар қади роҳи қадимаи савдои Тошкент, Фарғона, 1-тоаш дар наздикии Кармина — Чӯли Малик (деҳаи Работи Малик) ҷойгир будааст. Сардоба аз замонҳои қадим барои аз об таъмин кардани чорво ва корвонҳои савдогарон роли калон мебозид. Дар чӯлу биёбонҳои Осиёи Миёна аз Сардоба ҳоло ҳам истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …