Маълумоти охирин

САРЕЪ

САРЕЪ ( тезрафтор, тундрав), номи яке аз баҳрҳои арӯз Шеъри ин баҳр шӯху сабук, хониши он тезу бошитоб аст. Рукни аслии Сареъ ду бор мустафъилун (- -V —/- – V —) ва мафъӯлоту (—V) мебошад. Навъҳои гуногуни Сареъ аз омезиши чаҳор зиҳофи рукни мустафъи- лун: матвӣ — муфтаилун, махбун — мафоилу н, мақтӯъ — мафъӯлун, махбул — фаилатун ва чаҳор зиҳофи рукни мафъӯлоту: матвии макшуф— фоилун, матвии мавқуф — фоилон, аслам — фаълун, маҷдӯъ — фоъ таркиб меёбанд.
Дар эҷодиёти даҳонакии халқ шакли мураббаи баҳри Сареъ дучор мешавад.
Адабиёт: Сирус Б., Арӯзи тоҷикӣ, Душанбе, 1963; 3 е ҳ н ӣ Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979.
С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …