УШР (арабӣ- даҳяк), дар мамлакатҳои мусулмони андозест, ки ба миқдори даҳяки ҳосил (ҳар сол аз деҳқонон, чорводорон ва моҳигирон) ситонида мешуд. Дар ибтидо ушрро аз саидҳо, руҳониёни калон, инчунин баъзе амирон ва аз халқҳои ноҳияҳои «ихтиёран ба лашкари ислом таслимшуда» мегирифтанд. Обу заминеро, ки аз он ушр меситониданд, «мулки ушрия» …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
УШНОН
УШНОН, ушлон, ушна, хурд, хуруд черкез (Salsola richtere), буттаи сершох ё дарахти хурдест (аз оилаи шӯраиҳо). 2—5 м қад мекашад. Ушнон хоси биёбон буда, ба реги тафсон, камобӣ ва ҳавои гарм ба хуби тоб меорад. Ба чуқурии то 3 м реша меронад. Баргаш хеле борик аст ва обро кам бухор …
Муфассал »УШНАШИНОСӢ
УШНАШИНОСӢ, бриология (аз юнонӣ bruon — ушна ва …логия), як фасли ботаникаро гуянд, ки ушнаро меомӯзад.
Муфассал »УШНАШАКЛҲО
УШНАШАКЛҲО (Вгуоfuta; як гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олист. Ушнашаклҳо аз обсабзҳо, занбӯруғҳо, гулсангҳо ва дигар растаниҳои дараҷаи паст бо он фарқ мекунанд, ки онҳо монанди растаниҳои дараҷаи олӣ баргу поя дораид. Ушнашаклҳо бештар ба растаниҳои гулдор монанданд, вале решаву гул надоранд. Ушнашаклҳо аз спораҳо ва бо роҳи нашвӣ (вегетативӣ) меафзоянд. Аксари …
Муфассал »УШНА
УШНА, ушнаҳо, (Вryopsida), оддитарин растаниҳои дараҷаи олиест, ки дар хушкӣ, баъзан дар оби ширин мерӯянд ва ба гурӯҳи ушнашаклҳо тааллуқ доранд. Ушнаҳо растаниҳои автотрофӣ (организмҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикии барои ҳаёт зарурро ҳосил мекунанд) мебошанд. Онҳо растаниҳои хеле майдаанд, асосан аз 1 мм то 10 см (баъзан то …
Муфассал »УШКУФАИҲО
УШКУФАИҲО, ушиҳо (Grassuliceae), як оилаи гиёҳҳои яксола, бисёрсола ва нимбуттаро гӯянд. Барги одатан сергӯшту сероб, гули дуҷинса ё якҷинса, хӯшагули чатршакл, саракмонанд, туғшакл ва ғайра доранд. Тухмашон майда (дарозиаш 0,5—1 мм), одатан байзашакл. Дар дунё 35 ҷинс (тақрибан 1500 намуд)-и Ушкуфаиҳо (бештар дар ноҳияҳои камбориши субтропикии Африкаи Ҷанубӣ, Мексика, кишварҳои …
Муфассал »УШКУФА
УШКУФА, уш, ушгиёҳ (Кози- Rozolaria), як ҷинси гиёҳҳои бисёрсоларо гӯянд (аз оилаи Grassulaseae). Аз 5 то 35 см қад мекашад. Решааш одатан лӯндашакл мешавад. Баргаш гуногун (белчамонанд, байзашакл, нештаршакл ва ғайра). Гулаш зангӯлашакли сафед, зард ё зарди сабзтоб, арғувонӣ, гулобӣ ва бунафш (май—август мешукуфад). Дар Тоҷикистон 8 намуди Ушкуфаи худрӯй …
Муфассал »УШИНСКИЙ Константин Дмитревич
УШИНСКИЙ Константин Дмитревич (2. 3. 1824, Тула—3. 1. 1871, Одесса, қабраш дар Киев), педагог-демократи рус, асосгузори илми педагогӣ дар Россия. Ӯ талаб мекард,ки дар маорифи халқ демократия ва ғояи халқияти тарбия ҷорӣ, моҳияти меҳнатдӯстии инсон ва худи меҳнат чун омили ҳаёт ва тарбия, ки асоси фаъолияти педагогии ӯст, эътироф гардад. …
Муфассал »УШАКОВ Фёдор Фёдорович
УШАКОВ Фёдор Фёдорович (1744 —1817), адмирали рус, яке аз асосгузорони флоти баҳри Сиёҳ ва аз соли 1790 фармондеҳи он. Дар санъати ҳарбии баҳрӣ тарафдори ақидаҳои пешқадам буд. Дар Ҷанги баҳрии Керч (назди ҷазираи Тендра, 1790 ва дим. Калиакрия, 1791) тактикаи махсуси ҷангиро истифода бурда, бар флоти туркҳо як қатор ғалабаҳои …
Муфассал »УФУҚ
УФУҚ, хати каҷест, ки қисми ба назар намоёни сатҳи заминро иҳота мекунад. Уфуқи намоён баробари баланд шудани ҷои мушоҳида васеъ мешавад ва одатан аз уфуқи ҳақиқӣ (математики) поёнтар воқеъ мегардад. Уфуқи ҳақиқӣ доираи калонест, ки аз рӯи ҳамвории ба хати шоқулӣ (дар ҷои мушоҳида) перпендикуляр сфераи осмонро мебурад.
Муфассал »