Маълумоти охирин
Главная / Биология / УШНАШАКЛҲО

УШНАШАКЛҲО

УШНАШАКЛҲО (Вгуоfuta; як гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олист. Ушнашаклҳо аз обсабзҳо, занбӯруғҳо, гулсангҳо ва дигар растаниҳои дараҷаи паст бо он фарқ мекунанд, ки онҳо монанди растаниҳои дараҷаи олӣ баргу поя дораид. Ушнашаклҳо бештар ба растаниҳои гулдор монанданд, вале решаву гул надоранд. Ушнашаклҳо аз спораҳо ва бо роҳи нашвӣ (вегетативӣ) меафзоянд. Аксари онҳо растаниҳои бисёрсола буда, одатан дар замин, пӯстлохи дарахтон, ботлоқзор ва ғайра мерӯянд.

ushna
Олимон Ушнашаклҳоро одатан ба 3 синф — антоцератҳо Аnthoctrotopsida), ушнаҳои ҷигаршакл (Неraticopsida) ва ушнаҳо (Вгуорsida, Мusci) ҷудо мекунанд. Дар дунё (асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ) беш аз 20 ҳазор намуди ушнашаклҳо месабзанд, ки аксари онҳо ба ушнаҳо мутааллиқанд. Дар СССР тақрибан 1,5 ҳазор (аз ҷумла дар Тоҷикистон 350) намуди ушнашаклҳо месабзанд ва дар табиат аҳамияти бузург доранд. Онҳо ба хокҳосилшавӣ ва пайдоипш торф мусоидат мекунанд. Баъзе Ушнашаклҳо (Роlutrichum- commune, Р. juneperimum)-ро дар тибби халқӣ барои табобати илтиҳобу варами шуш ва сулфа истифода мебаранд. У. Мамадқулов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …