Маълумоти охирин
Главная / Биология / УШКУФАИҲО

УШКУФАИҲО

УШКУФАИҲО, ушиҳо (Grassuliceae), як оилаи гиёҳҳои яксола, бисёрсола ва нимбуттаро гӯянд. Барги одатан сергӯшту сероб, гули дуҷинса ё якҷинса, хӯшагули чатршакл, саракмонанд, туғшакл ва ғайра доранд. Тухмашон майда (дарозиаш 0,5—1 мм), одатан байзашакл.

ushkufaiho
Дар дунё 35 ҷинс (тақрибан 1500 намуд)-и Ушкуфаиҳо (бештар дар ноҳияҳои камбориши субтропикии Африкаи Ҷанубӣ, Мексика, кишварҳои баҳри Миёназамин ва ғайра) мерӯянд. Дар СССР 10 ҷинс (125 намуд), аз ҷумла дар Тоҷикистон 7 ҷинс (29 намуд)-и ушкуфаиҳо (масалан, ушкуфа, шибоғчой, гули ноз, инчунин Rhodiola, Sedum, Рswidosedum, Сlementsia ва ғайра) нумӯ меёбанд. Бисёр Укуфаиҳо растаниҳои доруӣ ва ороишианд. М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …