ТӮРАХОҶАИ АФСӮС (соли таваллуд номаълум — вафот 1855), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир Хоҷа Убайдуллоҳи Солик. Асири дарбори Умархони Амирӣ буд. Зулму ситам ва макру фиреби бениҳояти амир дар дили шоир нисбат ба муҳити дарбор нафрат бедор кард. Аз дарбор ронда шуд ва ба зодгоҳаш баргашт. Тӯрахоҷаи Афсӯс шоири соҳибдевон …
Муфассал »Архивы за день : 29.03.2019
ТУРАЕВ Болтухон
ТУРАЕВ Болтухон (1888, Хуҷанд —1962, Ленинобод), яке аз муборизони фаъоли барқарор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи сангтарош. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр Тураев аъзои Комитети хӯрокворӣ, аъзои Совети депутатҳои коргарону солдатҳои шаҳри Хуҷанд интихоб шуд. Соли 1918 ҳамроҳи 118 нафар ихтиёриёяи Хуҷанд барои мубориза бар зидди гвардиячиёни …
Муфассал »ТУРАЕВ Алексей Болтухонович
ТУРАЕВ Алексей Болтухонович (таваллуд 2. 6. 1930, шаҳри Хуҷанд), ходими давлатии советӣ. Агрономи Хизматнишондодаи РССН Тоҷикистон (1957). Аъзои КПСС аз соли 1956. Техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (1947) ва Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (1952) хатм намуд. 1952—58 агроном, сарагроном, ҷонишини раиси колхози «Москва», 1958—60 раиси колхози ба номи Куйбышеви райони Хуҷанд, …
Муфассал »ТУРАЕВ Абдураҳим Насриддинович
ТУРАЕВ Абдураҳим Насриддинович (1900, шаҳри Бухоро — маи 1936, Душанбе), роволюционер, иштирокчии фаъоли барқарор ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ дар Узбекистон ва Тоҷикистон. Аз оилаи табиб. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1920. Соли 1918 ҳукумати амирӣ ӯро ҳабс кард. Баъди ғалабаи Револютсияи Бухоро аз ҳабс озод шуд. Тураев дар мубориза …
Муфассал »ТӮР
ТӮР 1) бофтаи панҷарамонандест аз ришта ё аз симоҳан. 2) Олати моҳигирист, ки онро аз матоъ ё симтӯр бофанд.
Муфассал »ТУРАЕВ Абдуллохоҷа Насриддинович
ТУРАЕВ Абдуллохоҷа Насриддинович (1893, шаҳри Бухоро—1. 9. 1929, дар ҳамон ҷо), революционер, яке аз ташкилотчиёни Партияи Коммунистии Бухоро. Аз оилаи табиб. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1918. Аввал ба ҳаракати ҷадидизм ҳамроҳ буд. Барои ташкили мактаби усули нав ва ташвиқоти зидди аморат соли 1916 ҳабс шуд. Бо кафолат аз ҳабс …
Муфассал »Димнаи ТӮПРОҚҚАЛЪА
ТӮПРОҚҚАЛЪА, димнаи шаҳрқалъаи асрҳои 1—6, қароргоҳи шоҳони Хоразм (асрҳои 3—4)-ро номанд. Дар ҳудуди ҳозираи райони Берунии РАСС Қароқалп. Аз соли 1938 таҳти роҳбарии С. П. Толстов ҳафриёти археологӣ гузаронида шудааст. Шаҳр чоргӯша (500X350 м) буда, девор ва тиму бурҷҳо дорад, кӯчаи марказӣ аз дарвозаи Тӯпроққалъа ба оташкада меравад. Кӯчаҳои канорӣ …
Муфассал »ТӮПХОНА
ТӮПХОНА, қабристони мансуби асри биринҷӣ дар райони Ҳисор. Тӯпхонаро соли 1950 М. М. Дяконов кашф ва тадқиқ намуд. Қабрҳоро дар замин канда, деворҳояшонро аз хишти хом бардоштаанд. Дар қабрҳо ба болои сари мадфун зарф, баъзан ба даҳон ё сари сина танга мегузоштаанд. Аа тӯпхона майитҳое низ ёфт шуданд, ки дар …
Муфассал »ТӮП
ТӮП, аслиҳаи артиллерист барои оташфишонӣ ба ҳадафҳои заминию ҳавоӣ ба масофаҳои дур. Калибри тӯпҳои муосир 20—210 мм, дарозии милашон 40—80 калибр, дурии парвози тираш то 30 км (барои қӯшуни хушкигард) аст; артиллерияи заминию зенитии қӯшунҳои хушкигард, самолётҳо, вертолётҳо, киштиҳо, қисмҳои артиллерии соҳилӣ дорои тӯп мебошанд.
Муфассал »ТУМОР
ТУМОР, тумор, мактуби ба шакли лӯла ё секунҷа печонидашударо гӯянд. Онро маъмулан мулло ҳамчун «балогардон» ба шахси муроҷиаткарда медод. Эътиқод ба тумор аз қадим байни мардуми авом вуҷуд дошт. Тумор ҳангоми касал шуда ба мулло муроҷиат кардан, барои чашм нарасидан, аз тарсу ҳарос эмин нигоҳ доштан ва ғайра дода мешуд. …
Муфассал »