Маълумоти охирин

Архивы за день : 23.03.2019

ТУВАГИҲО

tuvagiho

ТУВАГИҲО (худ тыва, тывалар гӯянд), миллат, аҳолии асосии РАСС Тува. Шумораашон 166 ҳазор нафар (1979). Тақрибан 20 ҳазор нафар дар РХМ зиндагӣ мекунад. Ба забони тувагӣ гап мезананд. Байни диндорон ламаизм ва шаманизм паҳн аст. Аз ҷиҳати антропологи муғулсуратанд. То дигаргунсозии сосиалисти дар ноҳияҳои биёбонӣ ва кӯҳию биёбонӣ бо чорводорию …

Муфассал »

ТУВА

tiva

ТУВА, Республикаи Автономии Советии Сосиалисти (Тыва Автономнунг Совет Сосиалистич. Республика), дар ҳайати РСФСР. 10 октябр 1961 таъсис ёфтааст. Масоҳат 170,5 ҳазор км2. Аҳолиаш 276 ҳазор нафар (1984) ; асосан тувагиҳо ва русҳо. Аҳолии шаҳрӣ 44%. 13 район ва 5 шаҳр дорад. Пойтахташ шаҳри Қизил. Дар кӯҳҳои Сибири Ҷавубӣ, болооби дарёи …

Муфассал »

ТУБОН

ТУБОН шалвори махсуси чармӣ, ки гӯштингирон вақти варзиш мепӯшиданд. Тубон аз замовҳои қадим байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла мардуми тоҷик, маълум буд. Тубон зебо, шинам ва ба гӯштингир мувофиқ дӯхта мешуд. Бо пешрафти ҷамъият ва саноат либосҳои спортии ҳозиразамон ҷои Тубонро гирифтанд.

Муфассал »

Галаҷазираи ТУАМОТУ

tuamotu

ТУАМОТУ (ТиатоЬи), Паумоту (Tuamotu), галаҷазираост дар уқёнуси Ором, дар Полинезия. Мулки Франсия. Аз як қатор атоллҳо, ҷазираю рифҳои марҷонӣ иборат аст. Масоҳаташ 810 км3- (бо ҷазираҳои Гамбе 914 км3). Шаҳри асосиаш—Ротоава. Туамотуро соли 1606 баҳрнаварди португалӣ П. Кирос кашф кардааст.

Муфассал »

ТУБАК

ТУБАК, зарфҳои гуногунҳаҷмеро гӯянд, ки омехтаи хоки серғизо доранд ва барои парвариши кӯчати гулу сабзавот ва ғайра истифода мебаранд. Ҳаҷми тубак барои гулкарам ва каллакарам (бурриши кӯндалангаш ба ҳисоби см) 6 6, помидор, қаламфур, бодинҷон 8×8, барои бодиринг ва ҒАЙРА 10X10 ё 12×12 мешавад. Дар тубак парваридани кӯчат ба сабзишу …

Муфассал »

Шаҳри ТРУСКАВЕС

truskavec

ТРУСКАВЕС, шаҳр (аз 1948) дар вилояти Лвови РССУ, дар доманаи қаторкуҳҳои Карпат. Стансияҳои роҳи оҳани Курорти балнеологӣ, тамоми сол кор мекунад. Дар санаторияҳо касалиҳои урологӣ, меъдаю рӯда, ҷигар, роҳҳои заҳрадони одамони калонсол ва бачагон табобат карда мешаванд. Трускавес заводи обҳои минералӣ ва фабрикаи мебел дорад.

Муфассал »

Газетаи «ТРУД»

newspapers

«ТРУД», газетаи марказии оммавии сиёсӣ, органи ВЦСПС. Аз 19 феврали 1921 дар Москва чоп мешавад. Ҳафтае 6 маротиба мебарояд. Дар саҳифаҳои «Труд» рафти иҷрои шартҳои мусобиқаи социалистӣ, иҷрои планҳои хоҷагии халқ, мубориза барои прогресси илмӣ-техникӣ, баланд бардоштани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, корҳои ташкилоти иттифоқҳои касаба оид ба афзоиши фаъолияти меҳнатӣ ва …

Муфассал »

ТРУБА

truba

ТРУБА, сози мусиқии нафасии оркестрӣ ва якканавозии регистраш баланд. Труба аз наи дарози тобхурдае иборат буда, даҳанааш мисли сурнай мудаввари васеъ аст. Дарозии наи он 1500 мм ва қутраш 11 мм. Аввал трубаҳои бевентил маъмул буда, аз соли 1816 нахустин трубаҳои вентилноки қаторовози хроматикӣ дошта пайдо шуданд. Ҳоло намудҳои зерини …

Муфассал »

ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич

ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич (16. 4. 1890, Москва—25. 6. 1938, Вена), забоншиноси рус, яке аз намояндагони барҷастаи мактаби забоншиносии Прага, асосгузори фонология. Дар Университетҳои Москва ва Лейпсиг таҳсил кардааст (1908—14). Солҳои 1915—18 дар Университетҳои Москва ва Ростов муаллим буд. Профессори филологияи славянии Университетҳои София (1920) ва Вена (1922), мудири каредраи филологияи …

Муфассал »

ТРОСКИЗМ

ТРОСКИЗМ, ҷараёни ғоявяю сиёсии майдабуржуазӣ, ки ба марксизм ленинизм ва ҳаракати коммунистии байналхалқӣ душман буда, моҳияти оппортунистии худро бо ҷумлапардозиҳои радикалии чап рӯпӯш мекард. Троскизм чун як навъи меншевизм дар РСДРП ибтидои асри 20 ба вуҷуд омад. Троскизм номи худро аз номи идеолог ва пешвои ин ҷараён Л. Д. Троский …

Муфассал »