Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТРОСКИЗМ

ТРОСКИЗМ

ТРОСКИЗМ, ҷараёни ғоявяю сиёсии майдабуржуазӣ, ки ба марксизм ленинизм ва ҳаракати коммунистии байналхалқӣ душман буда, моҳияти оппортунистии худро бо ҷумлапардозиҳои радикалии чап рӯпӯш мекард. Троскизм чун як навъи меншевизм дар РСДРП ибтидои асри 20 ба вуҷуд омад. Троскизм номи худро аз номи идеолог ва пешвои ин ҷараён Л. Д. Троский (Бронштейн, 1879—1940) гирифтааст. Решаҳои назариявии троскизм материализми механикӣ, волюнтаризм ва ғайра буд. Асоси методологии Троскийро субъективизм ташкил медиҳад, ки он умуман ба ҷаҳонбинии майдабуржуазӣ хос аст. Таълимоти Троский аз рӯи ҳамаи масъалаҳои асосии стратегия ва тактикаи ҳаракати коргари ба ленинизм мухолиф буд: Троский аз соли 1903 зарурати вуҷуд доштани партияи пролетарии типи навро инкор менамуд; солҳои 1905—07 идеяи К. Марксро дар бораи Револютсия перманентӣ нодуруст таъбир карда, «назарияи революцияи перманентӣ»-и худро ба миён гузошт ва онро ба таълимоти ленинӣ дар бораи гегемонияи пролетариат дар револютсияи буржуазӣ-демократӣ, дар бораи ба револютсияи сосиалистӣ сабзида расидани револютсияи буржуазӣ-демократӣ муқобил монд. Троскийчиён революционӣ будани оммаи деҳқонон, қобилияти бо деҳқонон иттифоқи мустаҳкам муқаррар карда тавонистани пролетариатро инкор мекарданд, вазифаҳои буржуазӣ-демократии револютсияи якуми русро рад менамуданд ва идеяи волюнтаристии дар натиҷаи револютсияи буржуазию демократӣ барпо намудани диктатураи пролетариатро ба миён мегузоштанд. Троскийчиён инкишофи процесси ревалюционӣ, тақдири револютсияи сосиалистиро дар ҳар як мамлакат бо ғалабаи револютсияи ҷаҳонӣ вобаста намуда, даъво мекарданд, ки синфи коргари Россия бе дастгирии давлагии пролетариати Европа дар сари ҳокимият истода наметавонад. Дар давраи реакцияи солҳои 1907—10 троскизм як навъи ликвидаторчиён буд. Соли 1912 троскийчиён чун «муттаҳидкунандагони партия» баромад карда, блоки августии зиддипартиявиро ташкил карданд. Баъди Револютсияи Октябр троскийчиён даъво мекарданд, ки агар дар вақтҳои наздик дар мамлакатҳои дигари Европа револютсияи сосиалистӣ нашавад ва Ҳокимияти Советӣ аз тарафи пролетариати Ғарб «кӯмаки бевоситаи давлатӣ» нагирад, ғалабаи революция дер намепояд ва Ҳокимияти Советӣ ҳатман нобуд мешавад. Троскичиён ба Сулҳи Брест (1918) ҳам муқобил баромаданд.
«В. И. Ленин ва партия моҳияти таслимкоронаи ақидаҳо ва платформаи амалии Троскизмро мунтазам фош мекарданд. Троскизм дар съездҳои 7, 10, 13, 14-уми партия ва конференцияҳои 13, 14, 15-уми партия, дар як қатор пленумҳои Комитети Марказӣ ва Комиссияи марказии назорати партия маҳкум карда шуд. Аз соли 1928 Троскизм ҳамчун ҷараёни сиёсӣ дар ВКИ(б) барҳам дода шуд. Баъди Съезди 15-уми ВКП(б) як қисми троскийчиён муборизаи зидди сиёсати партия ва Интериационали Коммунистиро давом доданд. Соли 1929 Троский барои фаъолияти зиддисоветиаш аз СССР ронда шуда, соли 1932 аз ҳуқуқи граждании советӣ маҳрум карда шуд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳони (1939— 45) троскийчиён муқобили ташкил намудани коалисияи зиддигитлерӣ буданд, характери озодихоҳона ва зиддифашистии ҷангро инкор карда, ин ҷангро аз ҳар ду тарафи ҷангкунандагон ҷанги империалисти мешумурданд. Ҳоло ҳам гурӯҳҳои троскийчиён дар як қатор мамлакатҳо (Аргентина, Боливия, Белгия, Британияи Кабир, Италия, ШМА, РФГ, Франция, Япония ва ҒАЙРА) мавҷуданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …