Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Газетаи «ТРУД»

Газетаи «ТРУД»

«ТРУД», газетаи марказии оммавии сиёсӣ, органи ВЦСПС. Аз 19 феврали 1921 дар Москва чоп мешавад. Ҳафтае 6 маротиба мебарояд. Дар саҳифаҳои «Труд» рафти иҷрои шартҳои мусобиқаи социалистӣ, иҷрои планҳои хоҷагии халқ, мубориза барои прогресси илмӣ-техникӣ, баланд бардоштани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, корҳои ташкилоти иттифоқҳои касаба оид ба афзоиши фаъолияти меҳнатӣ ва сиёсӣ, ҷалб намудани меҳнаткашон ва идоракунии истеҳсолот, масъалаҳои корҳои маданӣ-оммавӣ ва тарбиявӣ инъикос меёбанд; газета дар тамоми мамлакатҳои калон мухбирони махсус дорад. «Труд» бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1951), ордени Ленин (1971) мукофотонида шудааст. Адади нашраш 8,3 млн нусха (1986), дар 43 шаҳр аз матриса нашр мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …