Маълумоти охирин
Главная / 2018 / January / 04 (страница 2)

Архивы за день : 04.01.2018

МУНОСИБАТҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

munosibathoi-istehsoli

МУНОСИБАТҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ, маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки дар просесси истеҳсолот, мубодила, тақсимот ва истеъмоли неъматҳои моддӣ дар байни одамон ба амал меояд. Муносибатҳои истеҳсолӣ шарти зарурии дар як тарзи истеҳсолот мебошад. Характери Муносибатҳои истеҳсолиро шакли моликият ба воситаҳои истеҳсолот муайян ме­кунад. Дар таърих ду типи асосии моликият вуҷуд дорад; моликияти хусусӣ …

Муфассал »

МУНОСИБАТ

munosibat

МУНОСИБАТ, муносабат (арабӣ —бо ҳам нисбатдорӣ; алоқа, пайвастагӣ), категорияи фалсафист, ки хусусияти ҷойгиршавии унсурҳои системаи муайян ва вобастагии мутақобилаи онҳоро ифода мекунад; ифодаи мавқеи шахс нисбат ба ягон чиз; муқоисаи фикрии объектҳои гуногун ё ҷиҳатҳои объекти муайян. Материализми диалектикӣ хусуси­яти объективӣ ва универсалии Муносибатро ба асос мегирад. Дар олам танҳо …

Муфассал »

МУНОЗИРА

munozira

МУНОЗИРА, мунзаара (арабӣ— баҳс ва гуфтугӯ бо касе оид ба ягон масъала), асари манзумест, ки дар он ду предмет, ду тарафи муқобил ва ё ду ҳариф доир ба кашфи ҳақиқати ягон масъала, ё бартарии фазилатҳои шахсии хеш бо ҳамдигар баҳсу мунозира мекунанд. Дар Мунозира тарафҳо бартарии фазлу камол ва қудрату …

Муфассал »

МУНМУНАИҲО

lycopodiaceae

МУНМУНАИҲО (Lycopodiaceae), як оилаи гиёҳҳои ҳамешасабз, ки пояи сербарг, барги пурраи майдаи байни ҳамдигар ва ба поя пайвастшуда доранд. Спорангияҳои муғҷамонанд ё ки нимдоираи Мунмунаиҳо дар ба­ғали баргҳои спораҳосилкунанда ҷойгир шудаанд. 4 ҷинси Мунмунаиҳо, ки ка­риб 250 намудро дар бар мегирад, дар мамлакатҳои тропикӣ паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии …

Муфассал »

МУНМУНA

lycopodium

МУНМУНA (Lycopodium), ҷинси гиёҳҳои ҳамешасабзест аз оилаи мунмунаиҳо. Пояи хобида ва барги майдаи дарафшмонанд дорад. Дар нӯги шохчаҳои Мунмуна ду ё якчанд хӯшачаҳои спорадор, яъне стро­билу мавҷуданд; хӯшача зич буда, аз тир ва спорабаргакҳои пулакчамонанд (споро- фил) иборат аст. Аз спораҳо наврустаҳои ҷудоҷинса инкишоф меё- банд. Қариб 10 Мунмуна  маълум …

Муфассал »

МУНИРИ ЛОҲУРӢ Абулбаракот ибни Абдул маҷид

person

МУНИРИ ЛОҲУРӢ Абулбаракот ибни Абдул маҷид (с.оли таваллуд номаълум — вафот 1644), шоири форсизабони Ҳиндустон. Назар ба қавли худи шоир ашъори ӯ 100 ҳазор байтро ташкил мекардааст. Мунири Лоҳурӣ маснавиҳои «Рамзу Имо», «Нуру Сафо», «Обу Ранг», «Созу Барг», «Дарду Алам» ва рисолаҳои «Користон» ,«Сироҷи Мунир», «Шарҳи қасоиди Урфӣ»-ро навиштааст. Ғайр …

Муфассал »

МУНЗИМ Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода

person

МУНЗИМ Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (1877, Бухоро — 5. 3. 1934, Сталинобод), маорифпарвар, шоир ва журналисти советии тоҷик. Аз оилаи амалдор. Дар кӯдакӣ ятим монда, давраи наврасӣ ва ҷавониаш дар хонаи Садри Зиё гузаштааст. Ҳамон ҷо бо Садриддин Айнӣ дӯсти пайдо намуд. Соли 1900 бо супориши Садри Зиё«Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро китобат …

Муфассал »

МУНДИГАК

mundigak

МУНДИГАК, осори бошишгоҳи давраи  энеолит, биринҷӣ ва ибтидои асри оҳан дар Афғонистони Ҷанубист, 55 километр шимоли ғарбтари ш. Қандаҳор воқеъ аст. Солҳои 1951—58 экспедисияи франсавиҳо тадқиқ кард. Дар қабатҳои поёнии археологи (oxири ҳазораи 4 то милод) осори бошишгоҳи деҳқонон ёфт шуд. Бошандагони маҳал дар чархи  кулолӣ маснуоти сафолии мунаққаш месохтанд. …

Муфассал »

МУНДА

munda

МУНДА, гурӯҳи халкҳои Ҳиндустон (аз ҷумла худи мунда, санталҳо, хо, кхариа, корку, савара, гадаба, ҷуанг, бирҳорҳо, буҳумиҷҳо ва ғайра), ки асосан дар ҷануби штати Би­ҳор, штатҳои Орис, Банголаи Ғарбӣ зиндагӣ мекунанд. Шумораашон тақрибан 7,5 миллион нафар. (1978). Ба забо­ни мунда гап мезананд. Ба дини дорои унсурҳои анимистии бо ҳиндуия омехта …

Муфассал »

МУНАВВАРЙ

rushnoi

МУНАВВАРЙ (аз арабӣ нуронишуда; равшав), зичии сатҳии се­ли афканишотест, ки ба сатҳ меафтад. Формулааш Е = Ф/S (Ф — сели рӯшноӣ, о — масоҳати сатҳи танвиршаванда). Водиди ченкуниаш люкс аст, ки ба ивази водиди кӯҳна —фот қабул карда шудааст.

Муфассал »