МУНОСИБАТҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ, маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки дар просесси истеҳсолот, мубодила, тақсимот ва истеъмоли неъматҳои моддӣ дар байни одамон ба амал меояд. Муносибатҳои истеҳсолӣ шарти зарурии дар як тарзи истеҳсолот мебошад. Характери Муносибатҳои истеҳсолиро шакли моликият ба воситаҳои истеҳсолот муайян мекунад. Дар таърих ду типи асосии моликият вуҷуд дорад; моликияти хусусӣ ва моликияти ҷамъиятӣ. Моликияти хусусӣ муносибатҳои ҳукмронӣ ва тобеиро ифода менамояд. Муносибатҳо истеҳсолӣ дар давраи ғуломдорӣ, феодалӣ ва капиталистӣ ба моликияти хусусии воситаҳои истеҳсолот ва истисмори одамон асос ёфтаанд. Моликияти ҷамъиятӣ истисморро нест карда, ҳамкории рафиқона ва ёрии байниҳамдигарии одамонро ба вуҷуд меоварад. Дар замони ҳозира асоси Муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ ду шакли моликият—моликияти давлатӣ (умумихалқӣ) ва кооперативӣ мебошад. Муносибатҳои истеҳсолие, ки бо қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият бевосита алоқаманд мебошанд, бемайлон инкишоф меёбанд. Муносибатҳои байни онҳо аз рӯи қонуни мувофиқати Муносибатҳои истеҳсолӣ ба характери қувваҳои истеҳсолкунанда муайян мегардад. Муносибатҳои истеҳсолӣ дар шароити моликияти хусусӣ дар марҳилаи муайяни тараққии ҷамъият ба пешрафти қувваҳои истеҳсолкунанда монеъ мешаванд, дар байни ин Муносибатҳои истеҳсолӣ ва қувваҳои истеҳсолкунанда зиддият ба вуҷуд меояд, ки онро танҳо револютсияи иҷтимоӣ метавонад ҳал ва бартараф кунад. Дар рафти ин
револютсия ҳукмронии синфи реаксионӣ сарнагун, муносибатҳои нави истеҳсолӣ барқарор мешаванд. Дар натиҷаи нест шудани моликияти ка- питалистӣ ва барпо гардидани моликияти ҷамъиятии сотсиалистӣ зиддияти антагонистии қувваҳои истеҳсолкунанда ва Муносибатҳои истеҳсолӣ аз байн меравад, барои инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда роҳи васеъ кушода мешавад. Дар давраи сохтмони васеи коммунизм такмил додани му- восибатҳои ҷамъиятӣ вазифаи муҳимтарин аст. Барпо кардани базаи моддию техникии коммунизм, талаботи аввалини ҳаёти оммаи меҳнаткаш гардонидани меҳнат асоси ба Муносибатҳои истеҳсолии коммунистӣ табдил ёфтани Муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ мебошад.
Адабиёт: Маркс Карл, Э нг е л с Фридрих, Манифест партияи Коммунистӣ, Душанбе, 1968; Ленин Владимир Илич, Империализм, ҳамчун дараҷаи баландтарини капиталиам, Асарҳо, ҷилди 22, ҳамон муаллиф, Вазифаҳои навбатии Ҳокимияти Советӣ, Асарҳо, чилди 27; Программаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ, Душанбе, 1970; Материалҳои съезди XXVI Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, Душанбе, 1981.
М. Мамадназарбеков.