Маълумоти охирин
Главная / 2017 / December / 31 (страница 2)

Архивы за день : 31.12.2017

МУИНУДДИНИ ИСФИЗОРЪ

person

МУИНУДДИНИ ИСФИЗОРЪ Мавлоно (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва муаррихи асри 16 форс-тоыик. Дар Исфизори Ҳирот ба дунё омада, дар он ҷо нашъунамо ёфтааст. Дар хати настаълиқ устод буда, услуби Тоҷи Сал­монӣ ва Хоҷа Абдулҳайи Мунширо неписандидааст. Муинуддини Исфизоръ аз шогирдони Хоҷа Абдуллаҳ аст. Ӯ инчунин китоби оид ба …

Муфассал »

МУИНУДДИН МАҲМУДИ НАҚШБАНДӢ

person

МУИНУДДИН МАҲМУДИ НАҚШБАНДӢ ибни Хоҷа Хованди Махмуди Алавии Ҳусайнӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), фақеҳ ва донишманди асри 17 тоҷик. Доир ба ҷараёни  зиндагиаш маълу­моти кофӣ нест. Дар Бухоро таваллуд ёфта, ба камол расидааст. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо шахси бомаърифат будааст. Тақрибан солҳои 1657—61 дар Ҳиндустон зиндагӣ кардааст. Аз пайравони …

Муфассал »

МУИНИИ ҶУВАЙНӢ – Муинуддин

person

МУИНИИ ҶУВАЙНӢ – Муинуддин (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнависи асри 15 форс-тоҷик. Мувофиқи ахбори тазкираву манбаъҳои адабӣ Муинии Ҷувайнӣ яке аз насрнависон ва орифони машҳури замон будааст. Аз ӯ ду асар: «Нигористон» ва «Аҳсан-ул-қисас» (қиссаи Юсуф ва Зулайхо) боқӣ мондааст. «Нигористон», ки ба қавли Давлаташоҳи Самарқандӣ ба Улуғбек бахшида …

Муфассал »

МУИНЗОДА Мунирхон

person

МУИНЗОДА Мунирхон (1909, Xyҷанд —1973, ҳамон ҷо), яке аз ав­валин ҳодимони адабиёт ва матбуоти тоҷик. Таҳсили ибтидоиро дар Мадраса гирифт. Институти давлатии пе­дагогии Душанберо тамом кард. Солҳҳои 1920—26 муаллим, директори мактаб ва инспектори шуъбаи маорифи pайони Хуҷанд буд. Яке аз ташкилкунандагони мактабҳои советӣ дар Хуҷанд. Соли 1927 ба Душанбе омад. …

Муфассал »

МУИН Муҳаммад

person

МУИН Муҳаммад (1913, Рашт, Эрон — 1971, Теҳрон), адабиётшинос ва забоншиноси эронӣ. Профессори Университети Теҳрон. Дар Теҳрон таҳсил карда­аст. Аввалин доктори Университети Техрон буд. Муаллифи бештар аз 300 -таълифотн илмӣ доир ба адабиёт, фалсафа, асотир ва забонҳои давраҳои қадим ва миёнаи эронӣ мебошад: «Маздаясна ва таъсири он дар адабиёти порсӣ» …

Муфассал »

МУИЗЗӢ Абӯабдуллоҳи Муҳаммад

person

МУИЗЗӢ Абӯабдуллоҳи Му­ҳаммад ибни Абдумалики Нишопурӣ (тақрибан 1049. Нишопур —1126/ 27), шоири форс-тоҷик. Писари шоир Абдулмалик Бурҳонӣ, ки пеш аз вафоташ тарбияи фарзанди худро ба султон Маликшоҳи Салчуқӣ (1055—92) супоридааст. Айёми ҷавонӣ ва миёнсолии Муиззӣ дар дарбори ин султон мегузарад, Муиззӣ дар ин давраи ҳаёти худ ба мадҳу ситоиши футуҳоти …

Муфассал »

МУЗҲАБ

person

МУЗҲАБ      (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 18 тоҷик. Аслу насабаш маълум нест. Музҳаб соҳибдевон бошад ҳам, девони ӯ то ҳол дар феҳристи ягон китобхонани ҷахон зикр нашудааст. Шоир ду маснавӣ дорад: «Шоҳу Гадо» (дар пайравии маснавии Ҳилолӣ), «Лайлӣ ва Маҷнун» (давоми «Лайли ва Маҷнун»-и Мулҳами Бухороӣ, ки ба …

Муфассал »

МУЗҚӮЛ

pamirskiye-gori

МУЗҚӮЛ, қаторкӯҳест дар Поми­ри Шарқӣ (Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон), дар шимоли дарёи Мурғоб. Аз Fарб ба Шарқ ба масофаи 110 километр тӯл кашидааст. Нуқтаи баландтаринаш қуллаи Офисерони советӣ (6233 метр). Асосан аз варақсангҳои метаморфӣ, оҳаксанг ва регсангҳо таркиб ёфтааст. Дар қисмҳои баландтаринаш пиряхҳо мавҷуданд. Нишебиҳояш бештар ростфаромадаи сершах ва серсанганд. …

Муфассал »

МУЗТАРИБ Мулло Абдулмаҷид

person

МУЗТАРИБ Мулло Абдулмаҷид (1844, Бухоро — 1896/97, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар Бухоро таҳсил намуда, ҳамчун шоир дар муҳити адабии ин шаҳр ба камол расидааст. Тазкиранависон Возеҳ» Мӯҳтарам ва Садриддин Айнӣ («На­мунаи адабиёти тоҷик») Музтарибро ҳамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хуштабъ тавсиф намудаанд. Муҳтарам дар шоирӣ ӯро «соҳиби тарзи …

Муфассал »

МУЗТАР Мулло Рахматуллоҳ

person

МУЗТАР Мулло Рахматуллоҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Ҷои таваллудаш тумани Косонн Насаф. Дар охири асри 18 ва аввали асри 19 умр ба cap бурда аст. Шоири баркамол ва машҳури замонаш, басо рангинхаёлу хушгуфтор буд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ («Тӯҳфат-ул-аҳбоб»-и Возеҳ ва баёзи № 321 китобхонаи Институти забон …

Муфассал »