Маълумоти охирин

Архивы за день : 18.12.2017

БОМАРШЕ Пйер-Огюстен Карон

267px-dapres_jean-marc_nattier_portrait_de_pierre-augustin_caron_de_beaumarchais

БОМАРШЕ Пйер-Огюстен Карон де (24.1.1732, Порис – 18.5.1799, ҳамон ҷо), драматурги фаронсавӣ. Фаъолияташ чун мусиқинавоз ва муаллими мусиқии духтарони шоҳ Людовики XV оғоз ёфтааст. Баъдан ба драманависӣ рӯй овард (драмаҳои нахустинаш – «Евгения» (1767), «Ду дӯст» (1770). Асари дигари Бомарше «Ёддоштҳо» (1774) иборат аз 4 памфлет мебошад, ки дар он …

Муфассал »

БОМ

bom

БОМ, ҷузви меъморӣ, қисми болопӯши биноҳои иқоматӣ ва маъмурию фарҳангӣ. Навъҳои бом вобаста ба иқлиму шароити ҷуғрофӣ, масолеҳи сохтмон ва мувофиқи тақозои санъати меъморию таъйинот гуногун меша­ванд. Шаклҳои маъмултарини бом: боми ҳамвор, боми якнишеба, боми дунишеба ва ғайра. Дар Осиёи Марказӣ пештар аксар биноҳои похсагӣ ва синҷиро бо бом мепӯшонданд. …

Муфассал »

БОЛШЕВИК

deha

БОЛШЕВИК, деҳа дар ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Аз Болшевик то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1998 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, маркази савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминхо аз наҳри Гулистон обёрӣ меша­ванд. Мувофиқи иттилои Бибисоро Бегнаева (собиқ …

Муфассал »

БОЛШЕВИК

bokhtar

БОЛШЕВИК, деҳа дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар. Аз Болшевик то маркази ноҳия 30 км; рох асфалтпӯш. Аҳолиаш 365 нафар (2013). Бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва 4 хоҷагии деҳқонӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бирлик таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, …

Муфассал »

БОЛШЕВИЗМ

bolshevizm

БОЛШЕВИЗМ, болшевик, намояндагони ҷараёни сиёсӣ дар РСДРП, сипас ҳизби мустақиле, ки ба он В. И. Ле­нин роҳбарӣ мекард. Мафҳуми Болшевизм бори аввал дар Съезди II РСДРП (1903) пайдо шуд. Баъди он ки дар интихобот мақомоти роҳбарикунандаи РСДРП тарафдорони Ленин овози бештарро гирифтанд, онҳоро болшевику муқобилонашонро, ки дар мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб …

Муфассал »

БОЛШАКОВ Олег Георгиевич

bolshakov

БОЛШАКОВ Олег Георгиевич (таваллуд 3.06.1929, шаҳри Твер), шарқшинос ва таърихнигори рус, доктори илмҳои таърих (1974), профессор (1992). Ходими хидматнишондодаи илми Федератсияи Руссия (1997). Хатмкардаи шуъбаи арабии факултаи забонҳои шарқии Университети давлатии Ленинград (1951). Ҳангоми донишҷӯӣ ва минбаъд дар гурӯҳи бостоншиносони АИ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳафриёти Панҷакенти Қадим ширкат …

Муфассал »

БОЛУЙ

boluy

БОЛУЙ, Болуйӣ (мансуб ба Болуя), нисбати шуморе аз муҳаддисони хонадони Болуя дар Нишопур (асрҳои 10-12), ки ғолибан ба адолат ва васоқат (боэътимодӣ) машҳур буда, номашон дар китобҳои риҷоли ҳадис ва тазкираҳои ҳофизони ҳадис мазкур аст. Маъруфтарин муҳаддисони Болуй: 1) Абубакри Болуй, Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Болуяи Ҷуллоб (880-952). Аз муҳаддисоне …

Муфассал »

БОЛТУЕВ Мақсудҷон

images

БОЛТУЕВ Мақсудҷон (1890, Хуҷанд – 1974, шаҳри Турсунзода), танбӯрнавоз, ҳофизи халқӣ, оҳангсоз. Шогирди Содирхон Бобошарифов (1847-1931). Аз соли 1908 зери сарпарастии ӯ сознавозӣ ва сароиданро омӯхтааст. Солҳои 1919-20 дар гурӯҳи театрӣ-драмавии мактаби Беҳбудӣ ҳунар омӯхта, дар барномахои сурудхонӣ фаъолона ширкат дошт. Оҳангсозон Прокофев Е., Зубков Н. (1946) дар иҷрои Болтуев …

Муфассал »

БОЛТАНИЁЗИ НАДИМӢ

images

БОЛТАНИЁЗИ НАДИМӢ ибни Қурбонниёз, хаттоти тоҷик (аввали асри 20). Зодгоҳаш Хоразм. Асарҳои «Аҷоибу-л-қисас» (китобаташ 1904, таҳти рақами 879), «Баёз» (китобаташ 1905, 1908, 1909, таҳти рақамҳои 7054, 7009, 6939), «Девони Шиносӣ» (китобаташ 1907, таҳти рақами 911), «Девони Надимӣ» (китобаташ 908, таҳти рақами 902), «Девони Ҳақирӣ» (китобаш 1908, таҳти рақами 1145), «Девони …

Муфассал »

БОЛТАЕВА Шакар

images

БОЛТАЕВА Шакар (16.6,1940, деҳаи Хушодии ноҳияи Шаҳритуз – 5.5.2001, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Солҳои 1956-60 колхозчӣ, 1961- 62 ҷонишини раиси колхоз, 1963-65 мудири боғча, 1965- 90 сардори бригадаи пахтакории колхози «Ленинград»-и ноҳияи Шаҳритуз буд. Бо 2 ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии …

Муфассал »