БОҚИИ ДАРЗӢ Устод Боқии Дарзии Бухороӣ, навозанда, сароянда, мусиқидон ва шоири тоҷики охири асри 16 – нимаи аввали асри 17. Пешааш косибӣ буда, тахаллуси «Дарзӣ» низ ва ҳамин ҷост. Маълумоти ибтидоии мусиқиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас маҳорати созандагию навозандагиро дар шаҳрҳои Самарқанду Ҳирот назди Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Устод Амир Алиакбари …
Муфассал »Архивы за день : 15.12.2017
БОҚИЁИ НОЙИНӢ Боқӣ
БОҚИЁИ НОЙИНӢ Боқӣ (1595, Нойин – 1633, Банорас), шоир ва мусиқидони форсизабони Ҳиндустон. Дар ашъораш ба тақозои вазн «Боқӣ» ва ё «Боқиё» тахаллус мекард. Пас аз касби камол ба Исфаҳон рафта, илму дониш, махсусан улуми адабиро омӯхт. Дар Ироқ аз сӯҳбати шоирону донишмандони давраш – Ҳаким Шифоӣ ва дар Хӯросон …
Муфассал »БОҚИЕВА Суфро
БОҚИЕВА Суфро (15.12.1926, деҳаи Шаҳраки ноҳияи Исфара – 3.6.2009, ҳамон ҷо), говдӯш, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966), Устоди чорводории Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1967). Солҳои 1941-54 колхозчӣ, 1954—58 сардори бригадаи пилапарварӣ, 1958-84 говдӯш, 1984-90 сардори звенои фермаи чорводории колхози ба номи Ленин ноҳияи Исфара буд. Соли 1966 аз ҳар сар модагов …
Муфассал »БОҚИЕВА Муслима
БОҚИЕВА Муслима (таваллуд 7.11.1933, Бухоро), сарояндаи машҳури тоҷик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1971). Санъати сознавозӣ ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбӯрнавози машҳур Боқиев Солеҳ омӯхтааст. Аз соли 1946 дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Сарояндагиро ибтидо дар дастаи санъаткорони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон оғоз намуда, аз устодони …
Муфассал »БОҚИЕВ Худойназар Ғоибович
БОҚИЕВ Худойназар Ғоибович (8.3.1951, деҳаи Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор-29.5.2012, ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир, Устоди варзиши Тоҷикистон (1975), Устоди варзиши ИҶШС (1976), Мураббии хидматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1988), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999), Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон (2002). Хатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1970). Солҳои 1970-75 муаллими тарбияи …
Муфассал »БОҚИЕВ Рустам Худойназарович
БОҚИЕВ Рустам Худойназарович (таваллуд 21.1 1978, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба дзюдо (2003) ва гӯштини миллии қураш (2006), Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии дзюдо ва қураш, Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007). Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва дзюдоро аз падараш – …
Муфассал »БОҚИЕВ Расул Худойназарович
БОҚИЕВ Расул Худойназарович (таваллуд 29.9.1982, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир (дзюдо), Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини қураш (2006) ва дзюдо (2007). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии дзюдо, қураш, самбо, «гӯштингирӣ». Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2004). Аз соли 2004 мураббии Мактаби махсуси варзишӣ оид …
Муфассал »БОҚИЕВ Олуболу
БОҚИЕВ Олуболу (25.5.1934, ноҳияи Рӯшон – 5.2.1999, Душанбе), доктори илмҳои таърих (1991), профессор (1994). Хатмкардаи Институти давлатии омӯзгории Самарқанд (1955), УДТ (1961, ҳоло ДМТ), аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург; 1969). Солҳои 1955-56 муаллими мактаб дар ноҳияи Ғарм, 1961-63 лаборанти калони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии …
Муфассал »БОҚИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боқӣ
БОҚИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боқӣ (таваллуд 19.12.1944, деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ), шоир ва нависандаи тоҷик. Хатмкардаи УДТ (ҳоло ДМТ; 1971). Пас аз хатми таҳсил дар студияи Телевизиони Тоҷикистон (1971- 72), редаксияи рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» (1972— 80), «Адабиёт ва санъат» (1981-82), «Омӯзгор» (1983-98) ва маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» (1998-2001) кор кардааст. …
Муфассал »БОҚИЕВ Маҳмудхон Иноятуллоевич
БОҚИЕВ Маҳмудхон Иноятуллоевич (таваллуд 23.4.1951, шаҳри Ленинобод), забоншинос, доктори илмҳои педагогӣ (1992), профессор (1994). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси УДТ (1973). Солҳои 1973-74 муаллими мактаби миёна, 1974—80 ассистенти кафедраи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод, 1983-95 дотсент, мудири кафедра, х. к. илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, 1995-98 …
Муфассал »