Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October (страница 8)

Архив Месяца: October 2017

Перфоратор

perforator

Перфоратор (лот. реforo —сӯрох мекунам), дар системаи коркарди информтсия, олатест барои сӯрох кардани коғаз, навори кино ва ғайра ба мақсади сабти ин­форматсия. Перуҳое, ки барои сабт кар­дани информатсияи разами, ҳуруфӣ ва ҳуруфию рақамӣ дар перфонавор ва перфоқартаҳо таъин шудаанд, бештар маъмуланд. Перуҳо вобаста ба таъинот, сохти олати ҳаракатовару олати сӯрохкунанда, …

Муфассал »

Перугиҳо

perugiho

Перугиҳо, миллатест дар Перу, ки бештар аз дурагаҳои аслашон испанию ҳиндӣ ташаккул ёфтааст. Перу тақрибан нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд (қариб 8,5 млн, 1978); асосан дар мавзеъҳои назди соҳил ва кӯҳии Анд зиндагӣ мекунанд. Диндорон католиканд. Ба забони испанӣ, ки дар таркиби он калимаҳои забонҳои ҳиндиёни Аме­рика (хусусан кечуа) зиёданд, …

Муфассал »

Перу

peru

Перу (Реru), Республикаи Перу (Republica del Peru), давлатест дар қисми ғарбии Америкаи Ҷа­нубӣ. Дар Ш.арқу Ғарб бо Эквадор, дар Шимолу Шарқ бо Колумбия, дар Шарқ бо Бразилия ва Боливия, дар Ҷануб бо Чи­ли ҳамсарҳад аст. Дар Ғарб ва Ҷанубу Ғарб онро уқёнуси Ором иҳота намудааст. Масоҳаташ 1285 ҳазор км2. Аҳолиаш …

Муфассал »

Перспективы

perspektivi

Перспективы (франс. реspective; аз лот. реrspicio — пурра мебинам), системаи тасвири ҷисмҳои се­чена дар ҳамворӣ ё дар ягон сатҳ аст, ки сохти фазоӣ ва дурии қисмҳои ҷудогонаи онро аз мушоҳид ба назар мегирад. Қоидаҳои Перспективаро ма­тематики Юнони Қадим Уклидус (Евклид) дар «Оптика» ном асараш шарҳ дода шуд. Олимону меъморони италиявӣ …

Муфассал »

Персонализм

personalizm

Персонализм (аз лот. реrsona— шахс, симо), ҷараёни теистист дар фалсафаи муосири буржуазӣ, ки шахсиятро реалияти эҷодии ибтидоӣ ва ҷаҳонро зуҳуроти фаъолия­ти эҷодии шахсияти олӣ (худо) медонад. Персонализм охири асри 19 дар Россия ва ШМА, солҳои 30 асри 20 дар Франсия ва мамлакатҳои дигар ташаккул ёфтааст. Персонализм плюрализми идеалистиро ба принсипи …

Муфассал »

Персонаж

personaj

Персонаж (франс. Реrssonage, аз лот. реrsona — шахс, симо), иштирокчии пиеса (спектакл), сена­рия (кинофилм), роман ва дигар асар­ҳои бадеӣ.

Муфассал »

Персианинов Леонид Семёно­вич

persianinov-leonid-semenovich

Персианинов Леонид Семёно­вич (таваллудаш 18. 8. 1908, деҳаи Старое Село, ҳоло вилояти Смоленск), акушер- гинекологи советӣ, акад. АИТ СССР (1965). Ходими Хизматвишондодаи Илми РССБ (1958). Аъзои КПСС аз соли 1943. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1977). Институти 2-юми тиббии Ленинградро хатм кардааст (1931). Мудири кафедраи акушерӣ ва ги­некологии Институти Минск (1951—1958), Институтҳои …

Муфассал »

Персефона

persefona

Персефона, Кора, дар асотири Юнони Қадим олиҳаи фаровонҳосилӣ ва олами зеризаминист. Духтари Деметра ва Зевс. Байни римиён бо номи Прозерпина маълум аст.

Муфассал »

Персей

persey

Персей (лот. Реrseus), бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон. Дар адабиёти астрономияи асримиёвагии Шарқ бо номи Бареовус, Томили Раъси Ғул машҳур аст. Мирфақ ва Алғут аз муниртарин ситораҳои онанд. Дар Персей ду тарокуми мансураи ситораҳо воқеъ гаштаанд, ки бо чашм дидан мумкнн аст. Моҳҳои октябр-декабр нағз мушоҳида мешавад. Ниг. Ос­мон.

Муфассал »