Петрушёвский Иля Павлович (22. 6. 1898, Киев—1977, Ленинград), шарқшиноси советӣ, мутахассиси таърихи асрҳои миёна ва нави Эрон, Закавказия ва Осиёи Миёна, доктори илми таърих (1941), профессори (1947). Соли 1926 факултетҳои таъриху филологияи университетҳои Харков ва Бокуро хатм намуда, дар Боку (1926—1931), Тбилиси (1931—1936) ва Ленинград (аз соли 1936) кор кардааст. …
Муфассал »Архив Месяца: October 2017
Петрушёвский Дмитрий Моисеевич
Петрушёвский Дмитрий Моисеевич (13. 9. 1863, деҳаи Кобриновои губ. Киев, ҳозира вилояти Черкас —12. 12. 1942, Қазон), муаррих-медиевисти рус (муҳаққиқи таърихи асрҳои миёнаи Европаи Ғарбӣ), акад. АФ ООСР (1929; аъзо- корр. 1924), профессори хизматнишондода (1925). Соли 1886 Университети Киевро хатм намудааст. Дар Москва, Варшава, Петербург, Иваново ба муаллимӣ машғул буд. …
Муфассал »Петрохимия
Петрохимия, як фасли петрографияро гӯянд, ки тарзи тақсимшавии элементҳои химиявиро дар таркиби Ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ ва минералҳои ҷинсофарин меомӯзад. Мафҳуми «Петрохимия»-ро соли 1944 олими советӣ А. П. Заваритский дар илм ҷорӣ кардааст. Петрохимия ҳамчун соҳаи мустақил дар заминаи илмҳои петрография ва химия ба вуҷуд омадааст. Мавзӯи тадқиқи Петрохимия таркиби химиявии …
Муфассал »Петрофизика
Петрофизика (аз юн. реtros — санг ва …физика), як соҳаи илми геология, ки хосиятщои физикии ҷинсҳои кӯҳиро дар алоқамандӣ бо таркиби минералӣ, структура ва таърихи пайдоиши онҳо тадқиқ мекунад. Мафҳуми «Петрофизика»-ро бори аввал геофизики РДГ Ф. Фрёлих дар илм ҷорӣ кардааст (1953). Петрофизика хосияти ҷинсҳои кӯҳиро бевосита дар саҳро бо …
Муфассал »Петросян Тигран Вартанович
Петросян Тигран Вартанович (таваллудаш 17. 6. 1929, Тбилиси), шоҳмотбози советӣ, гроссмейстери СССР ва байналхалқӣ (1952), Устоди Хизматнишондодаи Спорт (1960), журналист, номзади илми фалсафа (1968), Чемпиони СССР (1959, 1961, 1969, 1975), ҷаҳон (1963—1966, баъди ғалаба бар М. М. Ботвинник ва 1966—1969, баъди ғалаба бар Б. В. Спасский). Дар ҳайати командаи яккачини …
Муфассал »Петропаловский Борис Сергеевич
Петропаловский Борис Сергеевич (26. 5. 1898, Курск — 6. 11. 1933, Ленинград), яке аз ташкилотчиён ва роҳбарони корҳои тадқиқотӣ оид ба техникаи ракетӣ дар ООСР. Аъзои КПСС аз соли 1920. Соли 1915 Корпуси кадетии ба номи Суворовро дар Варшава, сипас курси кӯтоҳмуддати Омӯзишгоҳи артиллерии ба номи Константиновро дар Петроград хатм …
Муфассал »Петропавловски Камчатка
Петропавловски Камчатка (1822—1924 — бандари Петропавловск), шаҳр, маркази вилояти. Камчаткаи РСФСР. Дар соҳили шарқии нимҷазираи. Камчатка воқеъ аст. Бандар дар халиҷаки Авачаи уқёнуси Ором. Аҳолиаш 215 ҳазор нафар (1979). Дар солҳои сохтмони сотсиалистӣ Петропавловски Камчатка ба яке аз муҳимтарин марказҳои саноат ва нақлиёти Шарқи Дур табдил ёфт. Петропавловски Камчатка базаи …
Муфассал »Петропавловск
Петропавловск, шаҳр, маркази вилояти Қазоқистони Шимолии РСС Қазоқистон. Дар соҳили рости дарёи Ишим воқеъ гардидааст. Аз Петропавловск ба ҷиҳатти роҳи оҳан Селиноград — Қарағанда — Моинти — Чу мегузарад. Аҳолиаш 207 ҳазор нафар (1979). Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ ва коркарди металл (а- дҳои мошинсозӣ, муҳаррику механизмҳои гуногун, масолеҳи изолятсионӣ), саноати сабук …
Муфассал »Петрология
Петрология (аз юн. рetros — санг ва …логия), илм оид ба пайдоиш, таркиб ва ҷойгиршавии ҷинсҳои кӯҳӣ. Петрология бо тектоника, минералогия ва илми оид ба сарватҳои зеризаминӣ зич алоқаманд буда, ба инкишофи онҳо ҳисса мегузорад. Дар СССР қисме аз олимон (Ф. Ю. Левинсон-Лессинг, Д. С. Белянкин ва дигарон) чунин мешуморанд, …
Муфассал »Петрозаводск
Петрозаводск, шаҳр, пойтахти РАСС Карелия. Бандар дар соҳили кӯли Онега. Увели роҳи оҳан Аэропорт дорад. Аҳолиаш 234 ҳазор нафар (1979). Петрозаводск муҳимтарин маркази саноатии Карелия мебошад (зиёда аз 1/4 ҳиссаи маҳсулоти саноатии республикаро медиҳад). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсоэӣ ва коркарди металл. Заводҳои калонтарини Петрозаводск тракторсозӣ (тракторҳо барои саноати ҷангал), мошинҳои …
Муфассал »