Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Петропавловски Камчатка

Петропавловски Камчатка

Петропавловски Камчатка (1822—1924 — бандари Петро­павловск), шаҳр, маркази вилояти.  Камчаткаи РСФСР. Дар соҳили шарқии нимҷазираи. Камчатка воқеъ аст. Бандар дар халиҷаки Авачаи уқёнуси Ором. Аҳолиаш 215 ҳазор нафар (1979). Дар солҳои сохтмони сотсиалистӣ Петропавловски Камчатка ба яке аз муҳимтарин марказҳои саноат ва нақлиёти Шарқи Дур табдил ёфт.

Петропавловски Камчатка базаи флоти моҳигирию рефрижераторӣ мебошад. Заводи таъмири киштӣ, фабрикаи қуттичаҳои тунукагин, комбинатҳои моҳӣ, хонасозӣ ва масолеҳи бинокорӣ дорад. Дар Петропавловски Камчатка. Институти вулқоншиносии АФ СССР, институти педагогӣ, Филиали Институти техникии саноат ва хоҷагии моҳии Шар­қи Дур, 2 техникум, 4 омӯзишгоҳ, театри драма, музеи кишваршиносӣ ва маркази телевизион ҳаст. Петропавловск Камчатка соли 1740 дар ҷои деҳаи Аушин бунёд ёфтааст. Асосгузорони шаҳр иштирокчиёни экспедитсияи 2-юми Кам­чатка (таҳти роҳбарии В. И. Беринг ва А. И. Чириков) мебошанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …