Патри, Патрас (Patrai), шаҳрест дар Юнон, дар нимҷазираи Пелопоннес; бандар дар соҳили ҷануби шарқии халқии Патраикоси б. Ион. Маркази маъмурии вилояти Ахея. Аҳолиаш 112 ҳазор нафар (1971). Стансияи роҳи оҳан, аэродром дорад. Соҳаҳои саноаташ: бофандагӣ, хӯрокворӣ, коғаз, пойафзол, химия ва коркарди металл. Ба хориҷа афлесун, лимӯ. равғани зайтун, вино мебарорад. …
Муфассал »Архив Месяца: October 2017
Патрисийҳо
Патрисийҳо (лотинӣ patricii, аз pater— падар), аввалҳо дар Рими Қадим шояд ҳамаи аҳолии тагҷоиро мегуфгаанд, ки халқи Римро ташкил медод ва ба плебейҳо муқобил меистод. Дар давраҳои ташаккули чамъияти синфӣ ва давлат (охири асри6 то милод) Патрисийҳо ба синф-табақаи ҳукмрони Республикаи Рим табдил ёфтанд; асоси иқтидори иқтисодии онҳоро ҳуқуки номаҳдуд …
Муфассал »Патронаж
Патронаж (франсавӣ patronage — пуштибонӣ), дар СССР як шакли кори муассисаҳои муолиҷавию профилактикист. Патронаж дар хона гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ, ҷорӣ кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва беҳтар намудани шароити санитарию гигиении рӯзгорро дар бар мегирад. Патронажро духтурҳо, ҳамшираҳои шафқати поликлиникаҳо, фелдшер ва акушерҳои консултасияҳои занона иҷро менамоянд. Патронажи занони ҳомила ва …
Муфассал »Патристика
Патристика (аз юнонӣ pater — падар), исталоҳест, ки маҷмӯи таълимотҳои динӣ, фалсафӣ ва сиёсию иҷтимоии мутафаккирони асрҳои 2—8 масеҳиро ифода мекунад. Патристика дар шарояти бӯҳронӣ сохти чамъияти ғуломдорӣ пайдо шуда, дар мубориза ба муқобили гностисизм, ҳама гуна шаклҳои бидъат ва умуман дину оинҳои қадимӣ ташаккул ёфтааст. Патристика бо идеализми афлотуния, …
Муфассал »Патриархӣ
Патриархӣ, округи калисоӣ, ки дар ихтиёри патриарх аст.
Муфассал »Патриархат
Патриархат (аз юнонӣ pater — падар ва archo — идора мекунам; айнан — падаршоҳӣ), шакли маъмули муносибатҳои ҷамоаи ибтидоӣ, ки дар он мард дар хоҷагӣ, чамъият ва оила роли асосӣ мебозид. Нигаред Падаршоҳӣ.
Муфассал »Патриарх
Патриарх, (юнонӣ patriarches, аз pater — падар ва arch о — идора ме- кунам), унвони олии сарварони калисои мустақили масеҳии православӣ дар як қатор мамлакатҳо. Патриарх дар давраи ташаккули сохти феодалӣ дар натиҷаи ба шарқӣ (православӣ) ва ғарбӣ (католикӣ) тақсим шудани калисои масеҳӣ пайдо шудааст. Дар Россия Патриарх соли 1589 …
Муфассал »Патресак
Патресак (Physalis), ҷинси гиёҳҳои яксола ё бисёрсолаест аз оилаи авранҷиҳо. Нигаред Пардаарӯсак.
Муфассал »Патон Евгений Оскарович
Патон Евгений Оскарович (4. 3. 1870, Нисса —12. 8. 1953, Киев) олими советӣ дар соҳаи кафшер ва сохтмони пул, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Украина (1929), ноиб-президенти Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Украина АФ РССУ (1945— 52), Қаҳра мони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943). Аъзои КПСС аз соли 1944. Институти поли- …
Муфассал »Патон Борис Евгеневич
Патон Борис Евгеневич (таваллуд 27. 11. 1918, Киев), олими советӣ дар соҳаи металлургия ва кафшер, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Украина (1958), аз 1962 президенти он, академики Академияи Фанҳои СССР (1962), аз 1963 аъзои Президиуми он. Ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969, 1978), писари Е. О. Патон. Аъзои КПСС …
Муфассал »