Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October (страница 19)

Архив Месяца: October 2017

Паҳлавон Маҳмуд

pahlavon-mahmud

Паҳлавон Маҳмуд (1247, Хоразм-1326, Хева), шоири форс-тоҷик. Таълими ибтидоиро дар Хёва гирифта, ҳунари пӯстину телнакдӯзиро низ омӯхтааст. Баъдтар сафари шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустону Эронро ихтиёр намуда, дар ин кишварҳо ҳамчун паҳлавони машҳур ном баровард. Дар Хева аз олам даргузашт. Мақбарааш дар шаҳр барҷост. Паҳлавон Маҳмуд бо тахаллуси  «Қитолӣ» ғазал …

Муфассал »

Паҳлавон

Паҳлавон, деҳаест дар Совети қишлоқ Сармантойи райони Панҷ, вилояти Қурронтеппа. Территорияи колхози «Маданият». Аз Паҳлавон то маркази Совети қишлоқ 6 км, то район 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1460 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарё Панҷ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Паҳлавон Абусаиди Румӣ

Паҳлавон Абусаиди Румӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз. навозанда ва мусиқишиноси асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Рум. Паҳлавӣ илмҳои бадеъ, фалсафа ва риёзиётро мукаммал омӯхта, доир ба саноеи бадеӣ ва мусиқӣ рисолаҳо таълиф кард. Барои такмили ҳунару дониш ба Ҳирот омада, бо Дарвеш Шоҳӣ ҳамкорӣ кардааст. Аз таснифоташ «Амали Рост» …

Муфассал »

Паҳлавиён

Паҳлавиён, сулолаи шоҳони Эрон (1925—1979). Ризошоҳи Паҳлавӣ (1878—1944) асосгузори Паҳлавиён буд. Ӯ диктатураи буржуазию помешикиро барқарор намуда, дар соҳаи заминдорӣ, суд, молия, савдо, маданият ва ғайра. ислоҳот гузаронд (1925—1930). Ҳаракатҳои демократиро бераҳмона пахш, фаъолияти Партияи Коммунистии Эронро манъ карда (1931), сиёсати шовинистиро пеш гирифт. Дар ибтидои ҳукмронии Ризошоҳ муносибати Эрон …

Муфассал »

Парна

parna

Парна (пандус), ҳамвории ба як тараф моили безинаест, ки воситаи аз поён ба боло баромадан аст. Парна дар таҳҳонаҳо барои чизҳои вазнини мағелонро баровардан, бо нақлиёти чархӣ бор кашонидан сохта мешавад. Парнаро инчунин дар гузаргоҳҳои зеризаминии ҳозира дар як канори зинаи он барои бароюфарои аробачаҳои бачагона истифода мебаранд. Парна дар …

Муфассал »

Парна

Парна, деҳаест дар Совети қишлоқ Ворӯи райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Зарафшон». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 63 .км. Аҳолиаш 435 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорйӣва чорводорӣ. Заминҳо аз сои Пағна оберӣ мешаванд.

Муфассал »

Пашенко Леонид Никитич

pashenko-leonid-nikitich

Пашенко Леонид Никитич (таваллудаш 20. 2. 1936, ш. Тираспол, РСС Молд.), шоири советии рус. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Аъзои КПСС аз соли 1964. Дар аввали Ҷанги Бузурги Ва­танӣ (1941—1945) ба Тошкент омад. Институти давлатии педагогии шаҳри Тошкентро хатм намуд (1959). Солҳои гуногун дар газетаю журналҳои Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон кор …

Муфассал »

Пашшахона

pashshaxona

Пашшахона, пардаи тунукест, ки чодарвор кашида, шабҳои тобистон дар даруни он мехобанд, то ки аз ҳуҷуми пашша эмин бошанд. Пашшахона дар байни халқҳои Осиёи Миёна. аз ҷумла тоҷикон аз қадимулайём маълум буда, онро асосан аз дока, хоса, баъзан аз хомсуф медӯзанд. Пашшахона одатан 4 м дарозӣ, 2,5 м бар ва …

Муфассал »