Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October / 23 (страница 3)

Архивы за день : 23.10.2017

Парна

Парна, деҳаест дар Совети қишлоқ Ворӯи райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Зарафшон». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 63 .км. Аҳолиаш 435 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорйӣва чорводорӣ. Заминҳо аз сои Пағна оберӣ мешаванд.

Муфассал »

Пашенко Леонид Никитич

pashenko-leonid-nikitich

Пашенко Леонид Никитич (таваллудаш 20. 2. 1936, ш. Тираспол, РСС Молд.), шоири советии рус. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Аъзои КПСС аз соли 1964. Дар аввали Ҷанги Бузурги Ва­танӣ (1941—1945) ба Тошкент омад. Институти давлатии педагогии шаҳри Тошкентро хатм намуд (1959). Солҳои гуногун дар газетаю журналҳои Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон кор …

Муфассал »

Пашшахона

pashshaxona

Пашшахона, пардаи тунукест, ки чодарвор кашида, шабҳои тобистон дар даруни он мехобанд, то ки аз ҳуҷуми пашша эмин бошанд. Пашшахона дар байни халқҳои Осиёи Миёна. аз ҷумла тоҷикон аз қадимулайём маълум буда, онро асосан аз дока, хоса, баъзан аз хомсуф медӯзанд. Пашшахона одатан 4 м дарозӣ, 2,5 м бар ва …

Муфассал »

Пашша

pashsha

Пашша, як хел ҳашароти паррандаест. Намудҳои гуногуни Пашша, ки аз ҷумлаи дуболаҳои мӯйлабдароз мебошанд, дар биология зерқатори дуболаҳои одди (Nematoceria)-ро ташкил медиҳанд. Тану болҳои аксари Пашшаҳо дарозу бориканд. Пашша дар об, хокҳои нам, бофтаи растаниҳо ва ғайраҳо. зиндагӣ мекунад. Шираи растанӣ, нектар, хуни одаму ҳайвонро мемакад. 335 оилаи Пашша, ки …

Муфассал »

Пашор

Пашор, деҳаест дар Совети қишлоқ Поршневи райони Шуғнони ВАБК. Территорияи совхози ба номи Ш. Шотемуров. Аз Пашор то маркази Совети қишлоқ 4 км. то район 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 550 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибти­доӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ ғаллакорию боғдорист. Заминҳо аз чашмаи Пашор обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Пашмторошӣ

pashmtaroshi

Пашмторошӣ, тарошидани пашми ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ (гӯсфанд, буз, шутур) барои гирифтани пашм, инчунин нигоҳубину табобати пӯст ва ғайра. Пашми гӯсфандҳои маҳин ва ниммаҳинпашмро соле як маротиба (баҳорон) ва гӯсфандҳои дурушту нимдуруштпашмро ду бор (баҳору тирамоҳ) метарошанд. Дар мамлакатҳое, ки бузу гӯсфандпарварӣ тараққӣ кардааст, Пашмтарошӣ асосан механиконида шудааст. Дар СССР қариб …

Муфассал »

Пашмикӯҳна

Пашмикӯҳна, ёдгории археоло­гии ибтидои асрҳои миёна дар қисми ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор. Дар мавзеи байни дарёҳои Ширкент ва Қаротоғ воқеъ аст. Соли 1980 экспедитсияи якҷояи УДТ, институтҳои таърих ва геологияи АФ Тоҷикистон ба тадқиқоти он ибтидо гузошт. Масоҳати Пашмикӯҳна 15 км2 буда, ба 4  қисм тақсим шудааст. Аз он қариб 50 …

Муфассал »

Пашмак

pashmak

Пашмак 1) як навъ ҳалвоест, ки дар Осиёи Миёна ва баъзе мамлакатҳои Шарқ аз қадим машҳур аст. Пашмакро аз шакар, орд, ҷавҳари лиму ва равған тайёр мекунанд. Ба дег шакар ва об (миқдори об назар ба шакар 30—40% камтар) андохта меҷӯшонанд. Ба қиёми тайёршуда ҷав­ҳари лиму илова карда, то 1,4—1,8% …

Муфассал »