Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи РСС Тоҷикистон, шакли асосии планкашии иҷтимоию иқтисодии тараққии республика, ҷузъи таркибии системаи планҳоест, ки планҳои дарозмуддат, миёна (панҷсола) ва ҷории хоҷагии, халқро дарбар мегирад. Планҳои тараққии хоҷагии халқ дар ҳаёти халқи советӣ роли басо бузург бозидаанд. Онҳо дар давраи гузариш аз капитализм ба сохти нави …
Муфассал »Архив Месяца: October 2017
Планҳои молияи
Планҳои молияи дар СССР, планхоест, ки даромади пулии давлат, корхона, ташкилотҳо ва шакли ғункунии онҳо, инчунин тартиби истифода аз онҳоро ифода мекунад. План дар асоси планҳои перспективӣ ва ҷории хоҷагии халқ тартиб дода мешавад. Дар План нишондиҳандаҳои гуногуни натуралии дар планҳои хоҷагии халқ мавҷуда бо пул ифода мегарданд ва нишондиҳандаҳои …
Муфассал »Плантасия
Плантасия (лотинӣ planlatio — шинондани растанӣ, аз planto — мешинонам), 1) хоҷагии калони заминдорӣ дар мамлакатҳои капиталистӣ (нигаред Хоҷагии плантасионӣ). 2) Қитъаи калони замини зироати махсуси хоҷагии қишлоқ (масалан, Плантасияи лаблабӯи канд, Плантасияи чой ва ғайра).
Муфассал »Плантаж
Плантаж, шудгори плантажии хок (франсавӣ plantage, лотинӣ plan- to—мешиносам), шудгори чуқури замини парвардахона ва ниҳолхонаи ток, дарахту бутта ба воситаи плугҳои махсус. Ҳаигоми Плантаж қабати хокро чуқур (40—75 сантиметр( ва зиёда аз ин) нарм мекунанд ва ин барои инкишофи решаи растанӣ шароити мусоид фаро меоварад. Барои он ки қабати камҳосили …
Муфассал »Плантагенетҳо
Плантагенетҳо (PJantagenets), с у л о л а и А н ж у й, сулолаи шоҳони Англия (1154—«1399). Асосгузораш графи Анжуй Генрихи П. Коми Паз лақаби падари Генрихи П, графи Апжуй Жоффруаи Зебо, ки худ кулохашро бо шохчаи гули товусӣ (номи лотиниаш plan (a genista) зинат дода мегашт, ба вуҷуд …
Муфассал »Планктон
Планктон (аз юнонӣ planklos — гумроҳ, беҳаракат), як гурӯҳ ҷонва- ронеро гӯянд, ки дар қабати об зиндагӣ мекунанд. Онҳо бар хилофи нектон аксаран худ ҳаракат карда наметавонанд ё ба дараҷае камҳаракатанд, ки ба ҷараёни об муқобилат карда натавониста ҳамроҳи он нақли макон мекунанд. Ба таркиби Планктон чӣ растаниҳо — фитопланктон …
Муфассал »Планкашии хоҷагии халқ
Планкашии хоҷагии халқ, методи асосии амалигардонии сиёсати иқтисодии Партияи Коммунистӣ, ки ба ҳаматарафа баланд бардоштани қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият ва пурраю бештар қонеъ гардонидани талаботи моддию мадании халқ равона карда шудааст. Бо ёрии Планкашии хоҷагии халқ давлат мураккабтарин просессҳои меҳнатӣ ҷамъиятиро идора мекунад, истеҳсолот, тақсимот ва мубодилаи неъматҳои моддиро ташкил ва …
Муфассал »Планкашии перспектива
Планкашии перспектива, нигаред Планкашии хоҷагии халқ.
Муфассал »Планкашии молиявӣ
Планкашии молиявӣ, қисми таркибии планкашии хоҷагии халқ дар замони сотсиализм; ба нишондиҳандаҳои плани хоҷагии халқ асос меёбад ва дар айни замон ба ташаккули он фаъолона таъсир расонда, таносуби оптималии тақсимоти захираҳои молиявиро мукаррар ва ба соҳаҳои муҳимму самарабахш равона мекунад. Вазифаҳои асосии Планкашии молиявӣ муайян намудани ҳаҷм ва манбаи ташаккули …
Муфассал »Планкашии бюҷет
Планкашии бюҷет, просесси таҳия, таҳлил, тасдиқу иҷрои бюҷет. Ҷузъи таркибии планкашии хоҷагии халқ аст. Хаҷми захираҳои давлатиро муайян ва истифодаи самарабахши онро таъмин мекунад, захираҳои моддию молиявиро ба вуҷуд меорад, ба кори дуруст ба роҳ мондани таносуби тақсимоти маблағ байни фонди андӯхт ва истеъмолот, соҳаҳои хоҷагӣ, районҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад. …
Муфассал »