Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August / 24 (страница 3)

Архивы за день : 24.08.2017

Ото…

Ото… (аз юнонӣ otos — гӯш), қисми калимаҳои мураккаби мансуб ба гӯш ё бемориҳои гӯш, масалан, оториноларингология, отосклероз.

Муфассал »

Отит

otit

Отит (аз юнонӣ otos — гӯш), навъ газани гӯшро гӯянд. Аз он# қисмҳои гӯши берунӣ, миёна ва дарунй иллат меёбад. Отити гӯши бе­ру н ӣ (суфраи гӯш, роҳи берунии сомеа) дар натиҷаи пайдо шудани пучак, шукуфа, ба сӯрохии гуш ворид шудани ҷисми бегона, чирк гирифтанн роҳи сомеа, инчунин – таъсири …

Муфассал »

Отиатрия

otiatriya

Отиатрия (аз юнонӣ otos — гӯш ва iatreia — муолиҷа), як фасли отори-ноларингологияро гӯянд, ки бемориҳои гӯш ва муолиҷаи онҳоро меомӯзад.

Муфассал »

Отзовистҳо

Отзовистҳо, гурӯҳи оппортунис­тии чап, ки соли 1908 дар РСДРП бо сардории А. А. Богданов ташкил ёфта буд. Отзовистҳо рӯҳияи «…унсурони хоми болшевизм»-ро ифода мекарданд (Ленин Владимир Илич, Асарҳо, ҷилди 16, саҳифаи. 55)…Он­ҳо аз Думаи давлатӣ ҷеғ зада гирифтани (номашон аз отзывать) депутатҳои фраксиям cотсиал-демократ, бас кардани корҳои партиявии ташкилотҳои ле­галию …

Муфассал »

Журнал «Отечественные записки»

jurnal_otechestvennie_zapiski

«Отечественные 3аписки» («Дастхатҳои Ватан»), 1) журнали дармодаи русӣ, ки солҳои 1820—30 И П. Свинин дар Петербург нашр мекард. Журнал оид ба саноат, этно­графия ва таърихи рус матерналҳо чоп карда, хонандагонро бо асарҳои нависандагони аз байнн халқ баромада (Е. И. Алипанов, ф. Н. Слеп ушкин ва дигар) шинос менамуд. Журнали дармодаи …

Муфассал »

Отел

otel

Отел (франсавӣ hotel), 1) дар меъмории франсавӣ — хонан алоҳида дар шаҳр. Дар асри 16—17 хонаи зисти аристократия, одатан ҳавлиҳои хиз- матрасон дошт. 2) Биноест барои мусофирон; меҳмонхона.

Муфассал »

Отделение

otdelenie

Отделение (русӣ — ҷудо кар­дан, шуъба), подразделенияи ҳарбӣ иборат аз 6—12 кас. Дар қувваҳои мусаллаҳи аксар мамлакатҳо вуҷуд дошта, ба ҳайати взводи пиёдагард, разведка, сапёрӣ, алоқа ва ғайра дохил мешавад. Ба Отделение одатан сержант фармондеҳӣ мекунад. Дар ҷанг Отделение асосан дар ҳайати взвод ва баъзеи мус­тақилона (масалан, дар разведка, посбонӣ …

Муфассал »

Отаҷалол Носир

Отаҷалол Носир (1845, Бухо­ро—1928, Самарканд), сароянда, навозанда ва бастакори тоҷик. Отаҷалол мусиқиро аввал аз модараш омӯхтааст. Сипас аз падараш, ки сароянда буд, роҳу усулҳои «Шашмақом»-ро ёд гирифт. Дар дарбори амир Музаффар (Шаҳрисабз), амир Абдулаҳад (Кармина, ҳоло Навоӣ), амир Олимхон( Бухоро )басарояндагон ва на­возандагон сарварӣ кардааст. Отаҷалол солҳои  1920-27 дар Мактаб …

Муфассал »

Отағиёс Абдулғанӣ

Отағиёс Абдулғанӣ (1859—1927), мусиқидон ва танбӯрнавози тоҷик. Аз Бухорост. «Шашмақом”-ро хеле хуб азбар намуда, ҳар як мақомро бо роҳу равиш ва услуби хос иҷро мекард. Баъди Револютсияи Октябр Отағиёс дар Мактаби мусиқии Бухоро аз қисмати мушкилоти «Шашмақом» ва усулҳои навохтани танбӯр дарс медод. Соли 1923 профессор В. А. Успенский бо …

Муфассал »

Оташӣ Манучехр

Оташӣ Манучехр (таваллуд 1931, Бушаҳр), шоири эронӣ. Соли I960 ба Теҳрон рафта, шӯъбаи забон ва адабиётн англисии Донишсарои олиро хатм намудааст. Шеърҳояш аз соли 1954 чоп мешаванд ва дар маҷмӯаҳои «Оҳанги дигар» (I960), «Овози хок» (1968), «Дидор дар фалак» (1969) ва ғайра гирд омадаанд. Оташӣ шоири лирик аст ва дар …

Муфассал »