Отит (аз юнонӣ otos — гӯш), навъ газани гӯшро гӯянд. Аз он# қисмҳои гӯши берунӣ, миёна ва дарунй иллат меёбад. Отити гӯши беру н ӣ (суфраи гӯш, роҳи берунии сомеа) дар натиҷаи пайдо шудани пучак, шукуфа, ба сӯрохии гуш ворид шудани ҷисми бегона, чирк гирифтанн роҳи сомеа, инчунин – таъсири занбӯруғ (отомикоз) ва ғайрв ба вуҷуд меояд. Аз Отити гӯши миёна найчаи сомеа ва ковокии нақорапарда иллат меёбанд. Ба он аксар вақт бачагон гирифтор мешаванд.
Отити найчаи гӯш бештар бо таъсири грипп ва дигар бемориҳои сироятӣ ё ки ба воситаи биниву ҳалқ ва ғайра дохил шудани микробҳо ба вуҷуд меояд. Ҳангоми он гӯш сахт дард мекунад, қобилиятв шу- навоӣ суст ва ҳарорат баланд мешавад, гӯш мадда мекунад. Артрит, мастоидит, сарсем, боди Отити гӯш миёнаанд. Дар вақти Отити гӯши д а р у н ӣ (ё ки лабиринт) аксари асабҳои сомеаи даруни гӯш аз кор мебарояд ва бемор пурра ё қисман кар мешавад. Лабиринтит аксар вақт боиси бемории вазнини коса- хонаи cap — тромбофлебита синуси сигмамонанд, абссесси мағзи cap, майнача ва ғайра мегардад.
М у о л и ҷ а: дар вақти табобати Отити найчаи гӯш ба ҷои газак дока, пахтаи спиртолуд ё ба дигар антисептикҳо тар карда мемонанд; ҳангоми табобати Отити гӯши дарунӣ аз антибиотикҳо истифода мебаранд. ё онро ҷарроҳӣ мекунанд. Барои барқарор намудани сомеа ҷарроҳии махсус (тимпанопластика)-ро истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон тим- панопластикаро дар маркази барқароркунии сомеа (шаҳри Душанбе) мегу- заронанд. Дар ҳамаи шаҳрҳои калони республика пунктҳои протези сомеа ҳаст.
Адабиёт: Проблема отитов, Москва, 1961;
Вольфкович М .И., Хронический гнойный средний отит. Москва. 1967.