Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Отаҷалол Носир

Отаҷалол Носир

Отаҷалол Носир (1845, Бухо­ро—1928, Самарканд), сароянда, навозанда ва бастакори тоҷик. Отаҷалол мусиқиро аввал аз модараш омӯхтааст. Сипас аз падараш, ки сароянда буд, роҳу усулҳои «Шашмақом»-ро ёд гирифт. Дар дарбори амир Музаффар (Шаҳрисабз), амир Абдулаҳад (Кармина, ҳоло Навоӣ), амир Олимхон( Бухоро )басарояндагон ва на­возандагон сарварӣ кардааст. Отаҷалол солҳои  1920-27 дар Мактаб мусиқии Бухоро, 1928 дар институти мусиқӣ ва хореографияи Самарқанд (аз мусиқӣ) дарс додааст.

Насру мушкилоти «Шашмақом»-ро мукаммал аз худ карда, мақомҳои Бухороро ба қолаб даровардааст. Соли 1923 В. А. Успенс­кий насру мушкилоти «Шашма- қом»-и Бухороро дар иҷрии Отаҷалол ва Отағиёс Абдулғанӣ ба нота навиш­та гирифта, соли 1924 дар Москва нашр кард. Отаҷалол ба «Сегоҳ» ва дигар шуъбаҳои «Шашмақом» оҳангҳо бастааст (масалан, «Савти Ҷалолӣ» ва ғайра). Домулло Ха­лим Ибодов, Ҳоҷй Абдулазиз, Устод Шодй, Ш. Созывов, Б. Файзуллоев ва даҳҳо шатмақомхонони дигар шогирдони Отаҷалол буданд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …