Маълумоти охирин

Архивы за день : 18.08.2017

Панҷшоха

panjshoxa

Панҷшоха, чоршоха, сешоха, асбоби деҳқонӣ. Панҷшоха чубин ва Оҳанин мешавад. Панҷшохаи чӯбин аз се қисм иборат аст: даста, тахтачаи ба даста пайваст ва шохаҳо. Даста аз чӯби бед (дарозиаш 150—180 см), шохаҳо (дарозиашон 28—33 см) аз чӯби сахт (заранг, фарқ, ирғай, зардолу ва ғайра) тайёр карда мешаванд. Шохаҳоро аз сӯрохиҳои …

Муфассал »

Панҷширӣ Дастагир

Панҷширӣ Дастагир (таваллудаш 1933, деҳаи Қобзони рухаи Палҷшири вилояти Парвони Афғонистон), нависанда, ходими партиявӣ ва давлатии Афғо­нистон, яке аз асосгузорони Партияи Демократии Халқи Афғонистон (ПДХА). Мактаби ибтидоиро дар Ҳирот (1948), дорулмуаллимил ва уни­верситет (факултети адабиёт ва улуми башарӣ) -ро дар Кобул (1958) хатм кардааст. Солҳои 1958-1959 мудири тадқики рӯзномаи миллии …

Муфассал »

Панҷтор

panjtor

Панҷтор асбоби мусиқии торӣ, ки дар ноҳияҳои Помиру Дарвоз маъмул аст. Аз рӯи сохт ва пардабандиаш бештар ба танбур монанд. Панҷтор панҷ тор дорад, ки ин тавр ҷӯр мекунанд: Панҷтор дар алсамблҳои гуногуни инструменталӣ ва ҳамчун сози яккахонӣ истифода мешавад. Хелҳои гуногуни Панҷтор дар Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон низ маъмуланд. …

Муфассал »

Деҳаи Панҷсолаи якум

Панҷсолаи якум, деҳаест дар Совети қишлоқ Маданияти рвйони Колхозобод, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози «Қи зил Октябр». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 23 км, то район 8 км; роҳ ас­фалтпӯш. Аҳолиаш 372 нафар (1983), ӯзбекҳо. Деҳа клуб, чойхона, ошхона, шӯъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, чорводорӣ. Заминҳо ба …

Муфассал »

Деҳаи Панҷсолаи дуюм

Панҷсолаи дуюм, деҳаест дар Совети қишлоқ Тӯғалани райони Колхозобод, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи И. Ленин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ ва то район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1548 нафар (1983), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, магазин, шӯъбаи алоқа ва фер­маи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ …

Муфассал »

Панҷобиҳо

Панҷобиҳо, аҳолии асосии ви­лояти ҷугрофӣ ва таърихии Панҷоб (территорияи ҳозираи штатҳои Панҷоб, Ҳаряна дар Ҳиндустон ва музофоти Панҷоб дар Покистон). Шумораашон зиёда аз 70 млн нафар (1978). Аксарияти Панҷоб бо забони панҷобӣ гап мезананд, ақаллият бо забони ҳинди (дар Ҳиндустон), бо лаҳҷаи линди (лаҳнда) ва забони урду (дар По­кистон). Қисми …

Муфассал »

Вилояти Панҷоб

Панҷоб вилояти таърихиест дар Осиёи Ҷанубӣ, дар ҳудуди Ҳиндустон ва Покистон. Қисми шимолӣ ҳамвории Ҳинду Гангро ишғол мекунад. Дар қисми ғарбип Панҷоб биёбони Тхал воқеъ гаштааст. Дарёҳои Сатлаҷ,  Челам, Чиноб, Рави ва Биас бо дарёи Панҷнад даромехта, заминҳои корами Панҷобро обшор мекунанд. Аксар ҷойҳои баландаш 150—350 м. Иқлимаш хушк, ҳаво …

Муфассал »

Деҳаи Панҷикон

Панҷикон, деҳаест дар Совети қишлоқ Симиганҷи райони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷҷикистон. Территорияи совхози «Орҷоникидзеобод». Аз Панҷикон то маркази Совети қишлоқ 10 км, то район 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 492 нафар (1983), тоҷикон. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Симиганҷ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Панҷзарб

panjzarb

Панҷзарб, садои пасти асбобҳои мусиқиест, ки ба най мувофиқ меояд. Дар натиҷаи бо панҷ ангушт пӯшонидани пардаҳои най Панҷзарб ҳосил мешавад. Панҷзарб нисбат ба садои «чорзарб» ва «сезарб» паст буда, бештар ба ансамбл, оркестр ва суруди ҳофизони яккаҳои ҷӯр мешавад.

Муфассал »

Панҷгоҳи рост

«Панҷгоҳи рост», шакли оҳангиест дар таркиби Мақомҳои хоразмӣ, ки аз тарафи Комили Хоразмӣ мураттаб гаштааст. Нимаи аввали асри 18 дар асоси оҳангҳои мақоми якум — «Рост» як силсила оҳангҳои созӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун мақоми ҳафтум «Папҷгоҳ» ном гирифт. Ин мақом тадриҷан аз байн рафт, вале баъзе оҳангҳояш, …

Муфассал »