Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Панҷоб

Вилояти Панҷоб

Панҷоб вилояти таърихиест дар Осиёи Ҷанубӣ, дар ҳудуди Ҳиндустон ва Покистон. Қисми шимолӣ ҳамвории Ҳинду Гангро ишғол мекунад. Дар қисми ғарбип Панҷоб биёбони Тхал воқеъ гаштааст. Дарёҳои Сатлаҷ,  Челам, Чиноб, Рави ва Биас бо дарёи Панҷнад даромехта, заминҳои корами Панҷобро обшор мекунанд. Аксар ҷойҳои баландаш 150—350 м. Иқлимаш хушк, ҳаво тағйирёбанда (январи —13 —16°, май қариб 35°С).

Боришоти солона дар Ғарӣ то 150 мм, дар Шарқ то 700 мм. Ҳар сол обхезӣ шуда, дарёҳо тез-тез маҷрои худро тағйир медиҳанд. Қариб 70—90% территорияии П.анҷоб аз худ карда шудааст. Каналҳои бисёр дорад. Шаҳрҳои калонаш: Лоҳур (Покистон) ва Амрит­сар (Ҳиндустоп). Дар ҳазораи 3 — нимаи якуми ҳазораи 2 то мелод Панҷоб ба яке аз минтақаҳои тамаддуни қадими дунё (ба ном Хараппа ва Ҳинд) дохил буд. Аз нимаи дуюми ҳазораи 2 то мелод ба Панҷоб қабилаҳои ориёнӣ рафта, бо аҳолии, маҳаллӣ даромехтанд ва дар натиҷа халқияту қабилаҳои ҳиндуориёнӣ ташаккул ёфтанд. Дар охири асри 6 то мелод қисми зиёди Панҷоб ба давлати Ҳахоманишиён ҳамроҳ шуд.

Искандари Мақдунӣ солҳои 327—325 то мелод мулкҳоро то дарёи Баис забт намуд ва баъди вафоти ӯ Панҷоб ба импе­рияи Ҳинди Ҷадим — Маврия ҳамроҳ шуд. Аз охири асри 2 то мелод то миёнаи асри 6 Панҷоб ба ҳайати давлатҳои Кушониён, Гуптҳо, Ҳайтолиён дохил буд. Баъди пароканда гардидани давлати Ҳайтолиён (567) дар Панҷоб чанд давла­ти хурд пайдо шуд, ки онҳоро хонимони маҳаллӣ идора мекарданд. Панҷоб аз асри 7 майдони муҳорибаи волоёни халифаҳои Умавӣ ва аз нимаи дую­ми асри 10 амирони Ғазна гардид. Дар аввали асри 11 Панҷоб як қисми давлати Ғазнавиён шуд ва ҳокимони он пойтахти худро ба шаҳри Лоҳур кучонданд.

Аз охири асри 12 Панҷоб ба ҳайати давлати Ғуриён, султонии Деҳлӣ, давлати Темуриёян Ҳинд ҳамроҳ шуд. Дар солҳои ҳукмронии тоҷдорони мусулмон дар Панҷоб дини ислом паҳн гардид. Баъди таназзули давлати Темуриёни Ҳинд Панҷобро Нодиршоҳи Афшор забт кард ва шоҳони Дурронӣ онро ба мулки худ ҳамроҳ намуданд. Дар натиҷаи ҳаракати сикхҳо солҳои 60 асри 18 чанд давлати хурди озоди онҳо ба вуҷуд омад. Ранҷит Сингх (ҳукмр. 1799—1839) дар аввали асри 19 тамоми заминҳои қисми ғарбии дарёи Сатлачро ба як давлати мустақили Панҷоб муттаҳид кард.

Дар натиҷаи ҷанги байни англисҳою сикхҳо (1845—1846 ва 1848—1849) онро ширкати Ост-Индия забт намуда, ба музофоти Паинҷоб ва 43 мулки хурд таҷсим кард. Августи 1947 ҳангоми ташкилёбии доминиони Иттифоқи Ҳинд ва Покистон Панҷоб мувофиқи дину оини аҳолиаш дар байни ду давлат тақсим шуд (ноҳияҳои аксари аҳолиаш мусулмон ба Покистон, сикхҳо ва ҳиндуҳо ба Ҳиндустон гузаштанд).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …