Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August / 03 (страница 2)

Архивы за день : 03.08.2017

Орбелиане Сулхан Сабо

1

Орбелиане Сулхан Сабо (4. 11. 1658, деҳаи Тандзиа, ҳозира райони Болнисии Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон— 6. 2. 1725, Москва), нависанда, олим ва ҳодими сиёсии гурҷӣ. Дар оилаи қозикалони Картли ба дунё омадааст. Тарафдори ҳокими мутлақи бомаърифат буд. Барои наҷот додани Гурҷистон аз зулму истибдоди ачнабиён мубориза бурдааст. Баъди аз эрониён …

Муфассал »

Орбели Леон Абгарович

1

Орбели Леон (Левон) Абгарович (7. 7. 1882, Ереван — 9. 12. 1958, Ле­нинград), физиологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1935; аъзо-корреспондент 1932), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон (1943), академики АИТ СССР (1944), Ҳодими Хизмат- нишондодаи Илми РСФСР (1934), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945), генерал- полковники хизмати тиббӣ. Бародари И. …

Муфассал »

Орбели Иосиф Абгарович

1

Орбели Иосиф Абгарович (20. 3. 1887, Кутаиси —2. 2. 1961, Ленин­град), шарқшинос ва ҳодими ҷамъиятии советӣ, акад.емики  Академияи Фанҳои СССР (1935), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Арманистон ва президенти нахустини он (1943—47). Соли 1911 Университети Пе- тербургро хатм кардааст. Солҳои 1914—31 досент ва профессори Университети Пе­тербург, баъдтар Университети давлатии …

Муфассал »

Ораши Камонгир

1

Ораши Камонгир, номи паҳлавонест аз лашкари Манучеҳр, ки тирандози моҳире буд. Қиссаи Ораш яке аз қадимтарин достонҳои ҳамосии халқҳои эронист. Дар Авесто («Тиштр-яшт») аз Ораш ва аз кӯҳи Айнрйо-Хшута ба сӯи Хванвант тир андохтани ӯ ёд шудааст. Тирро Аҳуромаздо, Митра (Меҳр) ва эзидони дигар то дар кӯҳи Хвапвант фуруд омаданаш …

Муфассал »

Оратория

1

Оратория (лотинӣ oratoreum — ибодатгоҳ), асари калони «мусиқиест, ки одатан дорои сюжети драмавӣ буда, барои сарояндагон (солистон), хор ва оркестр эҷод мешавад. Оратория бо кантата қаробат дорад, вале аз он бо ҳаҷм, хусусияти эпикию драмавӣ ва сюжет фарқ мекунад. Оратория дар асрҳои 16—17 дар Италия пайдо шудааст. Ба ташаккули Оратория …

Муфассал »

Ораонҳо

1

Ораонҳо, д х а н г а р (худ к урух гӯянд), халқест, дар пуштакӯҳи Чхота-Нагпур (Ҳиндустон) дар банки халқҳои мунда. Дар Ҳиндустон гурӯҳҳои начандон калони Ораонҳо дар штати Орисса, Бенгали Ғарбӣ, Ассам маскунанд. Шумораашон 1,4 миллион нафар (1978). Забони Ораонҳо ба оилаи за­бонҳои дравидӣ мансуб аст. Дар дини Ораонҳо …

Муфассал »

Оранский Иосиф Михайлович

1

Оранский Иосиф Михайлович (3. 5. 1923, Петроград —16. 5. 1977, Ленинград), шарқшинос-эроншиноси советӣ, доктори илмҳои филологӣ (1963). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Университети давлатии Ленинградро хатм кардааст (1948). Солҳои 1951—55 муаллими Университети Давлатии Тоҷикистон, 1955—59 муаллими Институти давлятии педагогии Душанбе буд. Аз соли 1959 то поёни умр дар …

Муфассал »

Орангутан

1

Орангутан (малаӣ orang-utan — одами ҷангалӣ), (Pongo pygmaeus), маймуни калони одамшакл; намояндаи ягонаи ҷинси Pongo. Ду зернамудаш дар ҷазираҳои Ка­лимантан (Р. р. ру- gmaeus) ва Сумат­ра (Р. р. abelii) паҳн шудааст.  Орангутани наринаи болиғ (қадаш 130—150 сантиетр, вазнаш то 100— 150 килограмм) нисбат ба модинааш калонтар аст. Мӯяш зарди сурхчатоб, …

Муфассал »

Шаҳри Оран

1

Оран, шаҳрест дар шимоли ғарбии Алҷазоир, дар соҳили баҳри Миёназамин. Маркази маъмурии вилояти Оран. Аҳолии шаҳр бо атрофаш 440 ҳазор нафар (1970). Узели роҳҳои нақлиёт, маркази саноату савдо, бандари ка­лон. Ба воситаи бандар ба хориҷа вино, меваю сабзавот ва дигар мадсулоти хоҷагии қишлоқ бароварда мешавад. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, коркарди металл, …

Муфассал »

Орази Наво

1

«Орази Наво» номи яке аз шӯъбаҳои «Шашмақом» аст, ки дар қисмати насрии мақоми «Наво» (ҷои 14-ум) амал дорад. Аз рӯи ху­сусиятҳои оҳангӣ, усули дойра ва роҳи хониш ба мақом «Наво» наздик аст. Дар асоси шӯъбаҳои «Орази Наво» ва «Орази Дутоҳ» авҷи «Намуди ораз» тасниф гардидааст.

Муфассал »