Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оранский Иосиф Михайлович

Оранский Иосиф Михайлович

Оранский Иосиф Михайлович (3. 5. 1923, Петроград —16. 5. 1977, Ленинград), шарқшинос-эроншиноси советӣ, доктори илмҳои филологӣ (1963). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Университети давлатии Ленинградро хатм кардааст (1948). Солҳои 1951—55 муаллими Университети Давлатии Тоҷикистон, 1955—59 муаллими Институти давлятии педагогии Душанбе буд.

Аз соли 1959 то поёни умр дар Шӯъбаи ленинградии Институти шарқшиносии Акадеияи Фанҳои СССР кор мекард. Оранский муаллифи бештар аз 80 асари илмист. Махсусан асари ӯ «Мадхали филологияи эронӣ» (I960) яке аз беҳтарин тадқиқоти соҳаи эроншиносӣ ба шумор меравад.

Монографияи «Фолк­лор ва забони паряҳои Ҳисор» (1977) маҳсули кори чандинсолаи ӯ дар Тоҷикистон мебошад. Аз таълифоти Оранский китоби дуҷилдаи «Забонҳои ҳозираи эронии Иттифоқи Советӣ» ба забони немисӣ ва «Забонҳои эро­нӣ» дар Франсия ва Италия ба забонҳои франсавӣ ва италиявӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Основание: Ирансние языки в историческом освещении, Москва, 1979.

Адабиёт: Стебли н-К аменский И. М., Памяти Иосифа Михайловича Оранско­го, («Народы Азии и Африки», 1977, 6.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …