Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Оран

Шаҳри Оран

Оран, шаҳрест дар шимоли ғарбии Алҷазоир, дар соҳили баҳри Миёназамин. Маркази маъмурии вилояти Оран. Аҳолии шаҳр бо атрофаш 440 ҳазор нафар (1970). Узели роҳҳои нақлиёт, маркази саноату савдо, бандари ка­лон. Ба воситаи бандар ба хориҷа вино, меваю сабзавот ва дигар мадсулоти хоҷагии қишлоқ бароварда мешавад.

Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, коркарди металл, химия (заводи калони су­перфосфат ва ғайра), бофандагӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ (аз ҷумла заводҳои шиша ва семент), заводшҳои пӯлодгудозӣ ва қубурсозӣ, ТЭС дорад. Косибию ҳунармандӣ (истеҳсоли пойафзол ва маҳсулоти мӯина) ривоҷ ёфтааст. Университет ва музейҳо мавҷуданд. Оран дар асри 10 бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …