Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 31 (страница 6)

Архивы за день : 31.07.2017

Олоти истеҳсолот

0

Олоти истеҳсолот, олотест (мошин, дастгоҳ, асбобхо ва ғайра), ки бо ёрии онҳо неъматҳои моддӣ истеҳсол карда мешаванд; ҷузъи таркибии воситаҳои истеҳсолот.

Муфассал »

Қаторкӯҳи Олой

0

Олой, қаторкӯҳест дар системаи кӯҳии Ҳисору Олои Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон  ва қисман Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Баландиаш то 5539 метр. Тӯлаш қариб 400 километр. Водии Фарғонаро аа тарафи Ҷануб иҳота намудааст. Асосан аз регсангу гил ва варақсангҳои кристаллӣ таркиб ёф­тааст. Нишебии шимолиаш якчанд водиҳои кӯндаланг дорад, нишебии ҷанубиаш ба …

Муфассал »

Олой

0

Олой, водии Олой, пастхамии байникӯҳӣ дар кӯхистони Ҳисору Олой, асосан дар Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон. Дар байни қаторкӯҳҳои Олой ва Паси Олой аз Ғарб ба Шарқ ба масофаи 150 километр тӯл кашидааст. Бараш аз 8 то 25 километр; масоҳат қариб 1700 километр2. Баландиаш дар Ғарб 2240 метр, дар Шарқ 3536 …

Муфассал »

Олоиши радиоактивӣ

0

Олоиши радиоактивии био­сфера, ба организмҳои зинда ва муҳити зисти онҳо (атмосфера, гид­росфера, хок) дохил шудани моддаҳои радиоактивиро гӯянд, ки дар натиҷаи таркишҳои ядроӣ, ба муҳити атроф партофтани партовҳои радиоактивӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Олоиши радиоактииӣ аз таъсири маҳсулоти тақсимшавии ядроҳо (*°Sr, ,87Сг, 144Cl), нуклидҳои радиоактивӣ (ЭН, 24Na, 59Ғе, “Go), …

Муфассал »

Олмурӯд

0

Олмурӯд, сурх нок, яке аз навъҳои хеле қадимаи нок. Балан­дии дарахташ 10—26 метр, то 350 сол месабзад. Танааш ғафс (д и а метра ш то 5 метр), навдаҳояш ашҳабӣ ё ҷигарранги сурхтоб, баргаш байзашакл (дарозиаш 7,5 сантиметр, бараш 4,2 сантиметр), мевааш калон-калон (ба ҳисоби миё­на 158—164 грамм), пӯсташ каме мулоим, …

Муфассал »

Шаҳри Олмалик

0

Олмалик, шаҳрест дар вилояти Тошкенти Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон.  Дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Қурама ва соҳили чапи дарёи Оҳангарон, 18 километр ҷанубтари стансияи роҳи оҳан Оҳангарон ҷойгир шудааст. Пунк­ти охирини роҳи автомобилгарди Тошкент — Олмаато (68 километр) мебошад. Аҳолиаш 101 ҳазор нафар (1979). Олмаато маркази металлургияи рангаи Республикаи Советии Сотсиалистии …

Муфассал »

Вилояти Олмаато

0

Олмаато, вилоят дар қисми ҷануби шарқии Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон. 10 марта 1932 ташкил шудааст. Масодҳат 104,7 ҳазор километр2. Аҳолиаш 1765 ҳазор нафар (бо аҳолии шаҳри Олмаато, 1979). Олмаато ба 11 райони маъмурӣ тақсим шуда, 4 шаҳр ва 6 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш — шаҳри Олма­ато.             Табиат. Олмааторо …

Муфассал »

Шаҳри Олмаато

0

Олмаато (қазоқӣ Алмати — себзор, то 1921 Верний), шаҳр, пойтахти Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон (аз май 1929), маркази вилояти Олмаато. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Алатови Паси Или, дар баландии 650—950 метр воқеъ аст. Шаҳрро дарёчаҳои Олмаатои Калон ва Хурд бурида мегузаранд. Ҳарорати моҳи январ— 8° Селсия, июл 22,3° Селсия. Боришоти …

Муфассал »

Оллоҳқулихон хони Хева

Оллоҳқулихон (соли таваллуд номаълум — вафот 1843), хони Хева (1825—42). Писари Мухаммадраҳимхони I. Дар давраи Оллоҳқулихон зулми феодалӣ ва ҷангҳои ғоратгарона авҷ гирифт. Ӯ ба Хуросон (5 бор) ва сарзамини туркманҳо юриш карда, онҳоро хонавайрон сохт. Қароқалпоқҳо ва туркманҳо, ки барои мустақилияти худ мубориза мебурданд, соли 1828 аз тарафи Оллоҳқулихон …

Муфассал »

Олия

0

Олия ( муаннаси (Л)—ба­ланд, пурҳашамат, бошукӯҳ), мартабаи баланди шоҳмотбозони асри миёнаи Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон ва баъзе мамлакатҳои араб; устоди бузурги бозии шатранҷ, ки бо мафҳуми гроссмейстери имрӯза тақ- рибан ҳаммаъност. Истилоҳи «Олия» дар Осиёи Миёна баъди истилои араб пайдо шуда, асрҳои 8—9 маъмул гашт ва ҷои истилоҳи пештараи устоди беҳбозрогирифт. …

Муфассал »