Олия ( муаннаси (Л)—баланд, пурҳашамат, бошукӯҳ), мартабаи баланди шоҳмотбозони асри миёнаи Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон ва баъзе мамлакатҳои араб; устоди бузурги бозии шатранҷ, ки бо мафҳуми гроссмейстери имрӯза тақ- рибан ҳаммаъност. Истилоҳи «Олия» дар Осиёи Миёна баъди истилои араб пайдо шуда, асрҳои 8—9 маъмул гашт ва ҷои истилоҳи пештараи устоди беҳбозрогирифт.
Шоир Абдулҳофизи Шатранҷӣ дар асри 8, Ҷобири Кӯфӣ, Абӯҷаъфари Ансорӣ, Наими Ходим, Зайроби’ Катони Хоразмӣ, Адлӣ, Розиқ Мунаҷҷим дар асри 9, Абӯбакр Муҳаммад ибни Сиҳӣ- ус-сулӣ, Мовардӣ дар асри 10 аз аввалин ва машҳуртарини Олияҳо буданд, ки аз худ осоре чанд ба мерос гу- зоштаанд. Хусусан Сулӣ шӯҳрати тамом дошт ва ҳоло ҳам баъзан дар ҳаққи шоҳмотбозӣ хуб мегӯянд, ки «ӯ мисли Сулӣ мебозад».
Олияҳо аз ҷиҳати маҳорат се табақа буданд. Т а б а қ а и 1-ум тарҳ намеситонд, балки худаш тарҳ медод (тарҳ додан пещдод аст, яъне пеш аз шурӯи бозӣ як-ду пиёда ё саворро ба хариф додан, бе як ё ду савор бозӣ кардан; тарҳ додан ва ситондаи қоидаҳои муайян дошт, ки хушбахтона. то замони мо расидаанд). Табақаи 2-юм ним пиёда тарҳ ва хуқуқи пеш бозиданро мегирифт ва мебоист аз 10 бозӣ сетояшро бубарад 8 қоим кунад. Ии табақаи Олияҳо тақрибан ба дараҷаи устоди спорти ҳозира баробар аст. Т а б а қ а и 3-ю м ду пиёда ё як фил тарҳ меситонд (он вақт фил ба ду пиёда баробар буд) ва аз 10 бозӣ мебоист якеро бубарад ва ё қоим кунад.
Ин табақаи Oлияҳо ба шоҳмотбози разряди 1- уми ҳозира баробар аст. Олияҳо дар мусобиқаҳои ҳарсола ин номро мегирифтанд. Қадимтарин мусобиқаи шоҳмотбозӣ, ки дар бораи он баъзе маълумотҳо то замони мо расидааст, мусобиқаи соли 819 байни Ҷобир, Зайроб ва Абулхрфиз дар Хуросон мебошад.